Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Воҳид Камол аз рўзи ба кор омадан, кори ҳар як соҳаи алоҳидаи милисаро ба ҷадвали таҳлили /аналетическая таблица/ қайд мекард. Дар ҷамъбасти ҳар квартал бошад, таҳлили кори бахшҳои алоҳидаро нисбат ба солҳои пешин ва роҳхои бартараф кардани камбудиҳоро дар ҳисоботи хеш ба номи роҳбарияти раёсат нишон медод. Махсусан, дар маркази информатсионии ВКД кори ўро аз ҳама беш дарк намуданд ва ўро ба муддати даҳ рўз барои таҷрибаомўзӣ ба ин марказ даъват намуданд.
Дар ин муддати ниҳоят кўтоҳ ў аз тамоми шароитҳои дар ихтиёраш буда пурра истифода бурд ва натиҷаи кори милисаро дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ мавриди таҳлили хеш қарор дод.
Лейтенанти милиса Воҳид Камолро ба ҷуз кормандони милиса касе намешинохт, чунки мисли дигар кормандони милиса имконияти дар байни аҳолӣ гаштанро надошт ва ҳама кораш ба таҳлили пурраи вазъи ҷиноят, сабабҳои содиршавии ҷиноят ва роҳҳои пешгирӣ кардани он равона шуда буд.
Танҳо баъди шаш моҳи дар милиса кор кардан ў фаҳмид, ки чаро аксари ҳуқуқшиносони ҷавон баъди хатми донишгоҳ орзуи муфаттиш шуданро мекунанд. Дарвоқеъ, тамоми натиҷаи кори милисаро аз натиҷаи кори тафтишот баҳо медиҳанд. Яъне нуқтаи охиринро дар кори милиса тафтишот мегузорад ва танҳо муфаттиш имконияти озодона (бе дахолати сардори ШКД) ба парвандаи ҷиноӣ ҳуқуқи нуқта гузоштан дорад. Инро албатта, аз ҷиҳати назариявӣ Воҳид Камол ҳам медонист, вале он чи ки ў акнун фаҳмид, кам кормандоне буданд, ки ҳатто дар тафтишот чи корҳо гузаштанашро донанд. Ҳангоми таҷрибаомўзӣ дар ИЦ (маркази информатсионӣ) ҳаракати ҳар як парвандаи ҷиноиро аз лаҳзаи бақайдгириаш то лаҳзаи охирини ҳалу фаслаш аз рўйи карточкаҳои махсуси ба ИЦ пешниҳодкарда, мавриди омўзиши хеш қарор дода, ба хулосае омад, ки дар яке аз минтақаҳои нооромӣ ҷумҳурӣ танҳо дар соли дуюми истиқлолият боздоштани парвандаҳои ҷиноӣ нисбат ба панҷ соли охири давлати абадқудрат 12 фоиз афзудааст. Албатта, яке аз омилҳои баландшавӣ дар нимароҳ мондани парвандаҳои ҷиноӣ ин вазъи нооромӣ ҷумҳурӣ бошад, омили дигараш ин аз вазъи ноором истифода бурдани баъзе аз ворисони Гиппократ буд, ки бо роҳи ширинкома гирифтан ба баъзе ашхоси гунаҳкор, ки пой бар болои қонун мегузоштанд, бо роҳи ташхиси нодуруст барои боз доштани парвандаи ҷиноятӣ маълумотнома медоданд.

пешина
аз 558
навбатӣ