Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Дар истеҳсолот қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ бинобар ба муҳокимаи ҷамъиятӣ фиристодани он ки бо як тир ду нишон задан буд. Якум аз парвандаи ҷиноии ба суд фиристодашуда, ки таҳкурсиаш мутаҳкам нест, осонакак халос шудан ва дуюм…
… Дуюм…дуюм…
Хайр худатон фаҳмед– да, охир дар ҳамин шароит бе тамаъ касе корро буд мекунад?
Ана, ҳамин хел бо ҳамин роҳ ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад.
Мегўянд, ки кабк аз овози худаш ба дом меафтад ва Воҳид Камол ҳам овоз баланд карду ба бало монд. Гуфтанд, насиҳат кардан осон, биё худатро дар амал санҷ, аз дур истода гапфурўшӣ кардан бас аст ва ўро ба ҳамин вазифа таъин карданд, ба қавле муҳр ба даҳонаш заданд…
Соате пештар Фарҳод Азамат дар наздаш буд ва баҳри баланд бардоштани фоизи кушодашавии ҷиноятҳои ноайён фикру ақидаи хешро байён намуд. Албатта, капитани милиса фикру ақидаи муовинашро гўш кад, вале…
– Ин ҳали кор нест ,– гуфт ў ва муовинаш ҳатто дар фикри хеш истодагарӣ накард. Бигузор гуфти шумо шавад гуфту аз ҷояш хест.
Воҳид Камол ҳамеша баҳсро меписандид ва маҳз баҳсро исботи ҳақиқат мепиндошт ва модоме ки Фарҳод Азамат ақидаи худро пешниҳод карду баҳри исботи он кўшише ба харҷ надод, пас маълум буд, ки фикри пешниҳодкардааш чун девори гилин бебақост.
Ҳарчанд Воҳид Камол худ парвандаи ҷиноиеро ба суд нафиристода буд, чунки дар тафтишот кор накарда буд, вале ҳангоми кор дар бахши аналитикаи РКД шаҳр таҷрибаи кофӣ андухта буд ва ҳам дар мактаби милиса ҳангоми кор ва таълифи рисолаи номзадӣ дониши хешро аз ҷиҳати назариявӣ мустаҳкам намуда буд, вале афсўс Фарҳод Азамат ҳамин чизро ба инобат нагирифту ба ў ақидаи хушку холии хешро пешниҳод кард…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор