Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд атрофиён кирдору рафтори сардорро наззора мекарданд, вале ҳеҷ фаҳмида наметавонистанд, ки ўро дар кор, ки роҳбалад ҳаст. Мегуфтанд он рўз дур нест, ки дар зери нақораи Фарҳод Азамат ба рақс надарояд, вале рўзҳо мегузаштанду ҳеҷ не ки ин ду соҳил ба ҳам омехта шаванд. Рафтори сардор ба ҳама як буд, ҳамаро дар як поя медид ва маҳз ҳамин кор ба муовинаш маъқул набуд. – Бояд ҳар ки ҷойи хеш донад, мегуфт ў. Воҳид Камол ҳеҷ гоҳ муовинашро дар назди касе носазо нагуфта буд ва ҳарчи мегуфт баҳри беҳдошти кор дар рў ба рўяш, дар танҳоӣ мегуфт, то ба иззати нафсаш нарасид, вале…
Фарҳод Азамат ин Фарҳод Азамат буд ва дар давоми даҳсолаҳои охир ў ёд надошт ки касе суханашро ду карда бошад. Вай фаҳмид, ки ҳеҷ гоҳ оби ширин ба оби шўр омехта нахоҳад шуд ва маҳз сайёҳ ва олими машҳур Жан-Жак Ив Кусто ҳангоми гузарондани тадқиқот ҳамин навиштаҷоти Қуръони Маҷидро дар зери уқёнус дид ва аз ҳамин хотир ба дини мубини Ислом эътиқод оварда онро қабул кард. Фарҳод Азамат низ баъди даву тозҳои семоҳа ба дили сардори нав, ки қариб таҷрибаи корӣ надошт, роҳ ёфта натавонист ва ниҳоят ин субҳ бори охирин шикасти хешро дарк намуда, дар фикри гирифтани интиқом шуд. Ҳарчанд ў ба ин кор рўйирост даст зада наметавонист, вале чун бабр дар камингоҳ вақти муайянро интизор шуд…

… 13 …
Гул Набӣ се рўз дар шаҳр истода, субҳи рўзи чорум сари роҳи калон баромад. Ба ҷуз ў дар сари роҳ мусофирони бисёре ҷамъ омада буданд. Чун фаҳмиданд, ки мўйсафед азми сафари Роғ дорад, дар тараддуди гуселаш шуданд. Қарибиҳои пешин автомашинае омад ва ўро ба автомашина шинонда баҳрашон сафари бехатар хостанд. Аслан онҳое, ки ўро гусел намуданд ҷавонон буданд. Дар байнашон чанд нафар марди чил– чилу панҷ сола ҳам буд.

пешина
аз 558
навбатӣ