Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мустафоев сардори ШКД–ро ҳушдор сохт, ки агар баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта, дар муддати ду моҳи дигар чора наандешад, аз худаш гила намояд.
– Фаромўш накунед рафиқ капитан, ки шумо яке аз шуъбаҳои ҳукумати ноҳия ҳастед ва ман ҳамчун раиси ноҳия ба чунин ҳолати кор муросо карданӣ нестам…
Азбаски ба маҷлис худи Воҳид Камол оғоз бахшида бо маърўза баромад карда буд, баъди суханҳои нешдори раис яку якбора чизе нагуфт, ҳамон хел омирона ба ҳозирин сухан дода, баромади ҳар як нафарро гўш мекард. Ниҳоят баъди баромади намояндаи раёсати корҳои дохили шаҳр подполковник Қурбон Олимов ва прокурори ноҳия Ҷўраев боз Воҳид Камол сухан карда, аз ҷумла чунин гуфт.
– Милиса аз солҳои аввали пайдоишаш, яъне аз вақти Инқилоби Октябр то ба имрўз дар зери итоати дутарафа буд, ки ин як хатои маҳз дар кор аст. Маҳз ҳамин итоати дутарафа дасту пойи милисаро бастааст. Бояд гуфт, ки дар давоми солҳои Ҳукумати Шўравӣ ҳам як қатор олимон ақидаи хешро дар ин бора пешниҳод намуда, бо далелҳои раднашаванда аз итоати дутарафа, яъне аз итоати шўроҳо баромадани милисаро талаб намуданд, вале ҳайҳот системаи шўравӣ ақидаи олимони бузурги хешро ба инобат нагирифт…
Ҳамин тариқ маҳз система, дастони милисаро баст, ўро аз нафаси озод гирифтан маҳрум сохт ва боз талаби кор кард…
Намедонам кадом бадбахти худоношинос ҳамин итоати дутарафаро барои милиса фикр карда баромад. Аслан, он касе ки ҳамин фикрро пешниҳод намудааст, ў душмани халқ ва дўсти система, яъне ҳукуматдорон будааст. Моро лозим аст, ки аз ҳар қадами худ чӣ ба мақомоти болоӣ ва чӣ ба шўроҳо (ҳозира ҳукуматҳо) гузориш диҳем. Кори милиса аз фаъолияти ҷустуҷўйӣ дида ба қоғазбозӣ мубаддал гаштааст, чунки ҳама ман мегўянд ва ҳуқуқи худро нишон додан мехоҳанд.
– Шумо чиҳо гуфта истодаед ё маро мешунавонед? – шурида гуфт раиси ноҳия.
– Ман– ку сухани шуморо набуридам раис, ҳарчи дар дил доштед гуфтед, акнун каме тоқат намоед. Барои як ҷинояткорро кофтуков эълон кардан ба милиса лозим меояд, ки чанд килограмм қоғазро сиёҳ намояд ва то розигӣ гирифтану кофтуков эълон кардан чанд рўз мегузарад ва дар ин муддат ҷинояткор имконияти пурраи аз ҷумҳурӣ баромада рафтанро дорад.

пешина
аз 558
навбатӣ