Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳоло муҳтарам раис дар бораи вайрон кардани либоси ягона ва бо мўйи сари баланд гаштани кормандони милиса гап зад. Намедонам кадом олим ҳамин чизро фикр карда баромадааст?
Ман сад дар сад розиам, ки кормандони милисае, ки дар кўчаҳо ба нигоҳдорӣ тартиботи ҷамъиятӣ машғуланд (патрулҳо), нозирони минтақавӣ, кормандони БДА ва ҳамаи он хизматҳое, ки либоси ягонаи низомӣ пўшиданашон шарт аст, мўйи сар ва мўйлаби хешро ба тартиб оварданд ва мутлақо зид бар онам, ки кормандони бахши кофтукови ҷиноятӣ бо мўйи сари паст тарошидашуда ва либоси низомӣ ба кор биёянд. Ҳамаи онҳое, ки имрўз дар ин толор ҷамъ омадаанду либоси низомӣ надоранд, бо супориши ман омадаанд ва ин аввали кор аст. Ман аслан намехоҳам, ки корманди бахши ҷустуҷўйӣ аз дигар шаҳрвандон барои як мўйи паст шуда фарқ кунад ва боварӣ дорам, ки ҳамаи ин ҳолатҳоро ҷинояткорон ба хубӣ дарк мекунанд, чунки аз дигарон фарқ кардан ин нишонаест, ки худ аз дигар қабилаӣ.
Ман аз он афсўс мехўрам ки 2 майи соли 1992, вақте ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо «Қонуни милиса»–ро қабул кард, чаро аз ин хатои таърихӣ даст накашид ва милисаро боз дар зери таъсири дутарафа монд. Магар бо ҳамин маоши ҳозираи милиса, ки он ҳамагӣ як халта орд мешавад, зиндагӣ кардан мумкин аст? Оё шумо муҳтарам раис боре сари ҳамин масъала фикр кардаед?
– Маоши шумо даҳ баробари маоши ҳади ақали мардум аст ва як милисаи қатории шумо аз ман, ки раиси ноҳия ҳастам маоши зиёдтар мегирад.
– Инаш рост, вале ҳеҷ гоҳ сатҳи зиндагии милиса бо чунин маоши калон дар пояи зиндагии шумо, ки маоши ночизе мегиред баробар нест, чаро? – Чунки шумо худ ҳамин системаро фикр карда баромадаед. Чунки ҳастанд нафароне (хушбахтона чунинҳо ангуштшуморанд), ки сирри милисаро бо система мефурўшанд. Чунки худи система сарпарасти ҳама гуна олами ҷиноист…
– Аз рўйи ҳамаи ин суханҳоят ҷавоб хоҳӣ дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор