Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Албатта,раис. Ва мепурсам сухани маро гўш намоед.
Шумо аз ман беҳтар медонед, ки милисаро чи душвориҳое пеш омадааст. Сараввал он олами ҷиноие, ки дар замони Ҳукумати Советӣ буд гузашту рафт. Кормандоне, ки то солҳои навадуми асри гузашта кор мекарданд ва ҳоло ҳам дар хизмати халқанд инро аз ман бештар медонанд, чунки банда ҳарчанд дар он солҳо кор накардам, вале чи хел будани милисаи советиро назариявӣ медонам. Он солҳо ҷинояткорон ҳам дигар буданду қонунҳо ҳам. Акнун сохти давлатдорӣ дигар шуд, сиёсат дигар шуд, иқтисодиёт дигар шуд. Мегўянд бо тарзи замона бисоз, ки ҳаррўза балост. Ва олами ҷиноӣ дар ин бора нисбат ба милиса пешқадамтар аст шояд пурсед, ки чи хел?
– Дар замони шўравӣ ҳатто котиби аввали ҳизби ноҳия хонаи шахсӣ надошт, автомашина надошт, чунки мефаҳмид, ки маошаш ба харидани ҳамин чизҳо намерасад, ҳоло чӣ?
– Дирўз дар телевизиони Тоҷикистон барномаеро бо хонандагон нишон доданд. Дар зал шаст– ҳафтод хонанда нишаста буд. Журналист суол дод: – Гўед, ки одами бомаърифат кист?
Қариб нисфи нишастагон эътироф карданд, ки одами бомаърифат одами пулдор аст.
– Ҳоло ҳама тоҷир шудагӣ дар асоси қонун ва қандата хуру гуноҳи ўро дайн намо, пурс, ки ин қасри муҳташамро бо маълумоти синфи ҳашт чӣ хел сохтӣ ва ё ин ду мошини хориҷиро чи хел харидӣ?
– Агар ҳамин ҳолат давом кардан гирад, милисаҳо ҳам аксарашон гурехта ба бизнес мераванд. Онҳое ки дар хизмат мемонанд, аслан ин ба касби хеш ифтихор доштанашон аст, вале ба гумон аст, ки бо чунин маош онҳо рўзи хеш бурда тавонанд.
Дирўз нозири минтақавӣ Шамсов дар бозор ордфурўшеро ки орди гуманитарӣ мефурўхт, дастгир карда ба милиса овард ва дар давоми як соат се маротиба аз ҳукумати ноҳия ба ин ҷо занг зада, моро огоҳ карданд. Магар бо чунин аҳвол кор карда мешавад. Ба фикрам агар Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомотҳои қонунбарораш сари масъалаи итоати дутарафаи милиса андеша накунанд, кор рў ба беҳбудӣ намеорад.
Мустафоев ҳатто напурсид аз ҳукумат кӣ ба ҳимояи ордфурўш хестааст, чунки нағз медонист, ки бо супориши ў муовинаш Қараев занг зада буд.

пешина
аз 558
навбатӣ