Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳарчанд ў чанд соат пеш баъди аз қайд гузаштан бо рўзнома– нигор хайрухуш намуда бошад, ҳам вале бо амри «боло» қариб шабро дар фурудгоҳ рўз кард. Аз он чӣ ки ў дар ҳафтаи охир мушоҳида кард, шеф он чунон дасти дароз дорад, ки метавонад одамро аз таги замин ҳам кашида барорад. Дар як мижа задан ў шаст ҳазор долларро барои табобати писарбачаи рўзноманигор ба Москва ирсол намуд. Боз ду ҳазор доллар ва чиптаро ба дасти худаш дод. Намедонам аз марги он ду нафар баҳри ў чӣ манфиате мерасад? Не, Насим ҳеҷ гоҳ мақсаду мароми аслӣ шефро (полковник Ҳотам Илёс дар назар аст) нафаҳмид, ки нафаҳмид. Агар шеф зур намебуд, магар ўро аз вартаи ҳалокат берун меовард.
…Аз он воқеа даҳ сол гузашт. Чун бисёриҳо соҳиби қасру кушкҳо шуданд, Насим Ёдгор ба таҳлили рўзгори бархе аз ин нафарон оғоз кард. Дар рафти таҳлил ба хулосае омад, ки аксари соҳибони қасру кушкҳо ба интиқоли маводи муҳаддир сару кор доранд…
Баҳри амалӣ шудани мақсади хеш ў низ аз ҳамин сарчашма об нўшидан хост. Сараввал ў дар тангкўчаҳо моли дигаронро обу лой мекард. Новобаста аз вазъи дашвор ў ризқи хешро пайдо мекард. Ҳангоми гузаронидани яке аз амалиётҳо Насим Ёдгор ба даст афтод ва ба муддати ду сол зиндагонӣ шуд.
Баъди аз маҳбас баромадан гўё дари ҳама корхонаю муассисаҳои пойтахтро ба рўйи ў баста буданд. Рўзе дар пеши бинои яке аз корхонаҳои сохтмонӣ ў бо подполковник Ҳотам Илёс шинос шуд. Шояд сирату сурати ў ба корманди милиса маъқул шуд, ки ўро назди он идораи бонуфуз дида аҳволпурсӣ кард ва чун аз зиндагиномааш бохабар гашт, рақами телефонашро навишта ба дасташ дод ва гуфт, ки агар кораш дар идораи сохтмон барор нагирад, ба ў занг занад.
– Ягон илоҷашро меёбем, – гўён он марди дар либоси низомибуда бо ў хайрухуш намуд.
Дар идораи сохтмон ҳам як қатор сабабҳоро пеш оварда ин ҷавони дар гарданаш тавқи лаънат доштаро (доғи судӣ дар назар аст) ба кор нагирифтанд. Чун ўро дигар илоҷе намонд рўзи дигараш ба он милисаи шиносаш занг зад.
– Ба идора биё ягон илоҷашро меёбем, – гуфт мусоҳибаш ва суроғаи ҷойи кори хеш ба ў дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё