Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳарчанд аз милиса дурӣ меҷуст, вале ба ҷуз ба наздаш рафтан дигар ўро чорае намонда буд.
– Шумо ба назди кӣ? – пурсид милисаи дарбон.
– Ба назди подполковник Ҳотам Илёс.
– Бо кадом кор?
– Бо кори шахсӣ.
– Бо кори шахсӣ бошад фардо рўзи истироҳат ба хонаашон равед.
Дар ҳамин асно занги телефон садо доду он милиса гўшакро бардошт.
Насим берун баромад буд, ки он милиса чун тир аз қафояш давида баромада пурсид:
– Чӣ ном доред?
– Насим.
– Ҳаминро гўед намешавад?
– Шумо номи маро напурсидед.
– Хайр боке не, рав сардор шуморо интизор. Ошёнаи дуюм утоқи 22.
Ў ҳеҷ нафаҳмид, ки чӣ тавр шуду милисаи дарбон яку якбора баҳраш чунин лутфу марҳаматро дареғ надошт.
– Дар рў ба рўйи дафтари кории Ҳотам Илёс лаҳзае истода, нафаси чуқур кашиду ба дар ангушт зад.
– Марҳамат дароед.
Насим дарро кушода аввал сар халонд ва то соҳиби дафтари кори ўро надиду дуюмбора таклифи даромадан накард ў пой бар остона нагузошт.
– Ҳа, Насим ин чӣ беҷуръатӣ, марҳамат дароед, – гуфт ҳамон марди дирўз дидааш, ки акнун дар либоси ғайринизомӣ буд. Агар рафту худи соҳиби дафтари корӣ гулу рўшан намекард ва номи ўро ба забон намеовард, ҳатто Насим ба чашмони хеш бовар намекард, ки ин ҳамон подполковники милиса аст.
– Марҳамат гузашта шинед. Ба ростӣ ман шуморо аз тиреза дидам ва ба поён занг задам.
– Қариб, ки ман гашта рафта будам.
– Чаро?
– Ҳамон милиса чун фаҳмид, ки ман ба кори шахсӣ омадам маро отворот поворот…
– Хайр боке нест. Милиса ҳам дар асоси дастуру низомнома амал мекунад. Акнун бигў корҳоят чӣ хел?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё