Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Дар идораи сохтмон ҳам маро бинобар доғи судӣ доштанам ба кор қабул накарданд.
– Ин хел нагўй. Кӣ медонад, ки ту доғи судӣ дорӣ ё не?
– Ҳеҷ кас. Ман худам гуфтам.
– Ана ҳамин аст хатои ту.
– Пас чӣ бояд кард?
– Гуфтам– ку ягон илоҷашро меёбем.
– Умедам ба шумо рафиқ…
– Ака гўед. Акаи Ҳотам.
– Хуб шудааст рафиқ…эй бубахшед акаи Ҳотам. Ба фикрам дили шумо чун дили Ҳотами Той аст.
– Аз куҷо гирифтӣ?
– Аз он ки дасти фитодаеро гирифтан мехоҳед.
– Фитода кист?
– Фитода ин ман акаҷон.
– Ҳаргиз ту фитода нестӣ Насимҷон. Мо ҳарду чунон корҳо кунем, ки ҳаваси кас биёяд.
– Чӣ хел корҳо? – ҳеҷ чизро нафаҳмида пурсид Насим.
– Ҳоло сабр кун, вақту соаташ биёяд ҳамаашро мефаҳмӣ.
Акнун бигўй ки китоби Ҳотами Тойро хондаӣ.
– Чор маротиба.
– Канӣ як ҷумлае аз он китоб бигў!
Ту некӣ мекунӣ ба Даҷла андоз, Ки эзид дар биёбонат диҳад боз…
– Ман қоил Насимҷон, – гўён Ҳотам Илёс аз чойник ба пиёлае чой рехта назди Насим гузошт. Марҳамат як пиёла чой гиред.
– Ташаккур акаи Ҳотам.
Ҳотам Илёс ба курсиаш нишаста, чанд рақамро дар диск чид ва лаҳзае пас овоз рўшан кард.
– Алло, Саид Зайдович, ассалому алайкум. Ҳотам Илёс лаҳзае вақти қиммати шуморо гирифтанист. Агар малоли хотиратон нашавад.
– Марҳамат гўшам ба шумо.
– Як хизмат буд.
– Агар аз уҳдааш бароем.
– Шумо ки сарвари як корхонаи калон шуда аз уҳдааш набароед, дигар кӣ ҳам мебарояд?
– Майлаш кўшиш мекунам, гап занед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё