Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

«Мерседес» аз чорроҳа гузашта истод. Ронанда ба тарафи ў омада қариб ўро ба зери мушту лағад гирад. Агар гуноҳ намедошт магар ў чун муши ба об афтода хомўш менишаст, онаи зорашро нишон медод, вале гуноҳ, ки дошт муҳри хомўшӣ ба лаб гирифт. Ҳамин аст оини зиндагӣ, гуноҳ дорӣ беҳтараш, ки забонатро накушо ва ба оташи дили мардум пуф накун.
Хайр зинда монд шуд.
– Бубахш бародар, – гуфт Насим.
– Бубахш, бубахш, – суханони ўро такроркунон ронандаи «Мерседес» аз назди ў дур шуд.
Баъди рафтани «Мерседес» ў боз чанд дақиқа рўйи роҳ истод. Сипас, аз паҳлуи роҳ хам шуда барф гирифт ва ба қавле сару рўяшро бо барф молиш дод. Чун худро каме беҳтар ҳис кард, боз сари чанбарак нишаст ва муҳаррикро ба кор даровард. Вақте ки дар назди манзили истиқоматиаш автомашинаро боздошт аз масҷиди паҳлўи хонааш муаззин азон гуфт. Ў сари по нишаста азонро гўш кард ва ниҳоят даст ба рўй кашида ба тарафи кулбаи хеш ҳаракат кард. Кулбаи ў якҳуҷрагӣ буда, дар қабати чоруми бинои панҷошёна ҷойгир аст. Ниҳоят, ў калид бароварда дарро кушод ва лаҳзае пас худро болои бистари мулоим партофт. Чун чашм кушод ақрабаки соати деворӣ 1245 дақиқаро нишон медод. Тайёраи гуселкардааш кайҳо ба Москва расида буд, вале ў нав аз хоб мехест…
Барф чун муждаи аввалини зимистон аз омад – омади фасли сармо хабар дода, дар миёнаҳои шаб бозмонд.
Муфаттиши прокуратура Фирдавси Ҳаким ин субҳ бо либосҳои зимистона аз хона баромада бошад ҳам яку якбора сардии ҳаворо ҳис кард. Барф то буҷилаки пой мерасид ва муфаттиш тайи солҳои охир чунин барфро дар ёд надошт. Мардумон аслан ба омад – омади зимистон тайёр набуданд. Аксари мардум то кунун ҳосилро нағундошта буданд. Ду – се рўз пеш ў ба деҳаи Афғоно ба айёдати Саидаҳмади Мирзо рафта буд то кунун хурмоҳо дар шохи дарахтон буданд. Ҳангоми бозгашт низ ў дар роҳ ҳамин ҳодисаро дид. Аз он чи ки дирўз бегоҳӣ яку якбора барф гирифт ба гумон аст, ки мардум ҳосили бо хуни дил парваридаи хешро ҷамъ оварда бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё