Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Хурмо бисёр пуртоқат ва то худи зимистон дар сари шох монад беҳтар, – ба суоли ў посух дод акаи Саидаҳмад. Ҳангоми хайрухуш ҳамсари ў Ҳанифа – хола ба ҷону ҳолаш намонда, як халта хурморо ба дасташ дод.
– Лозим нест холаҷон, – эътироз кард Фирдавс, вале эътирозаш ба гўши холаи Ҳанифа надаромада, ба замми ин боз амаки Саидаҳмад ҳам ба пуштибонии ҳамсараш хест ва Фирдавс дилу бедилон он халтаро ба даст гирифт…
Ў ба тарафи боло нигарист. Дар фазои бекарон абрҳо шино доштанд. Ҳаракати абрҳо дар он лаҳзаҳо ташвишу тараддуди одамиро дар замин ба ёд меовард. Мисли оне, ки роҳгузарони саросема ба китфи ҳамдигар баъзан бархўрда, сипас узр мепурсанд, абрҳо низ гоҳ – гоҳ ба ҳам бармехўрданд. Абрҳо аслан ба як самт шино доштанд. Баъди ба ҳам бархўрдан ҳам онҳо дигар аз ҳамдигар майли ҷудошавӣ надоштанд ва ҳаракати хешро давом медоданд.
Муфаттиш то ба истгоҳ омад. Мардумони зиёде дар истгоҳ ва гирду атрофи он дар интизори омадани нақлиёти шаҳрӣ буданд, вале аз нақлиёти шаҳрӣ дарак набуд. Ҳар лаҳза автомашинаҳои шахсӣ, ки дар болояшон нишонаи таксӣ доштанд бозистода хизмати хешро ба мусофирон пешкаш мекарданд.
Умуман, дар ин субҳ бозори таксиҳо дар ҷўш буд…
Чун вақт ниҳоят танг буд, ў низ сари роҳ баромада таксиеро манъ кард. То ба идора расидан дар паҳлуи роҳ чандин нақлиёти шаҳриро дид. Ҷо – ҷо автобусҳо ва шояд аз сабаби набудани барқ бошад, ки қатори троллейбусҳо «зебу зиннати»
роҳ дар ин субҳгоҳӣ буданд. То ҳанўз роҳ пурра аз барф тоза карда нашуда буд. Ў беихтиёр маҷлиси ҳукуматро ки аз рафти он тариқи оинаи нилгун ҳанўз як моҳ пеш гузориш дода буданд ба ёд овард. Шаҳрдорон ва идораю вазоратҳои мартуба ҳукуматро бовар кунониданд, ки ба зимистон тайёранд. Ана натиҷааш.
Маълум буд, ки идораи хоҷагии коммуналӣ, идораи нақлиёт ва барқи тоҷик дар он маҷлис рўйирост ба чашми ҳукумат хок пошидаанд.
Дар ин субҳ содиқ ба ивази панҷ сомонӣ Фирдавси Ҳаким бо азобе ба ҷойи кор омад. Ў рост ба ошёнаи дуюм баромада, вориди қабулгоҳ шуд ва хост прокурорро аз рафти воқеъаҳои дишаба огоҳ созад, вале котиба хабар дод, ки шеф сари субҳ ба прокуратураи шаҳрӣ медарояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё