Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Модоме, ки автомашина зиёда аз ду соат дар як ҷо будааст ва бо ҳама серкорӣ ҳатто мудири мағоза онро зери чашм намудааст, пас аҷаб нест, ки нафаре аз роҳгузарон ба рақами ў аҳамият надода бошад. Ниҳоят Фирдавси Ҳаким ҷузвдони чармин бикушод ва аз он қаламу қоғаз берун оварда, ин нуқтаи назари хешро болои варақ сабт намуд.
Самохина дар ҷойи исти автомашина паи пои он мардро дидааст ва маҳз ҳамин нақши пойро боз дар даромадгоҳи хонаи 25/4–и кўчаи Хуросон ҳам мушоҳида намудааст. Ба зами ин ў ҳангоми аз роҳ гузаштан дар муқобили ҳамин нақши туфли «Саламандра» боз нақши пои ду нафареро мушоҳида намудааст, ки ба самти муқобил равон будаанд. Аз рўйи нақши гузоштаи хеш он ду нафар аз ҷинсҳои гуногун будаанд ва аҷаб нест, ки ҳамон ду нафаре бошанд, ки дар зери як чатр аз паҳлуи бинои номбурда ба самти муқобил гузаштаанд. Афсўс, ки то рафтани гурўҳи фаврӣ тафтишоти барф ҳама он нақшу нигорро гум кард. Табиати каҷрафтор дишаб танҳо ба манфиати ҷинояткор хизмат кард. Агар ба гуфти Екатерина Андреевна бовар намоем, он ду нафари дар зери як чатр ҳаракаткарда қариб, ки аз паҳлуи шахси аз муқобилашон омада гузаштанд ва аҷаб нест, ки симои ўро надида бошанд. Муфаттиш дар ин бора боз болои варақ чанд ҷумла навишт…
Ниҳоят ў ба ёд овард, ки дишаб Асо Ҷўраро барои ба ташхисгоҳ бурдани қарор ба прокуратура даъват намуда буд.
Аз ин рў дигар ба сардии дафтари корӣ аҳамият надода, аз ҷой бархест ва аз болои сейфи оҳанин мошинкаи чопи механики навъи «Любава»–ро гирифта болои миз гузошт ва ҳамагӣ чанд дақиқа пас ангуштони хешро болои тугмачаҳои он бурд. Сараввал ў қарорро дар бораи оғоз намудани кори ҷиноятӣ дар асоси моддаи 104 қисми 2 банди «а» чоп намуд. Сипас, дар асоси қарори мазкур қарорро дар бораи таъин намудани ташхиси баластикӣ ва ниҳоят ташхиси тиббӣ – судӣ чоп кард. Чун ҳама ҳуҷатҳоро тахт намуду аз Асо Ҷўра дарак нашуд, телефонро наздиктар оварда рақами 02–ро дар диск чид ва аз навбатдори милиса Асо Ҷўраро пурсон шуд.
– Панҷ дақиқа пеш ба прокуратура рафтанд, – хабар дод навбатдор. Ҳа маълум, ки ҳоло он кас дар роҳ. Чун ҳуҷҷатҳоро тагу рў намуд айён гашт, ки баҳри изи ангуштони аз ҷойи ҳодиса гирифташуда ҳуҷҷате нест ва ў он қоғазҳоро ба мошинкаи чопӣ ҷо намуда, даст болои тугмачаҳо бурд.

пешина
аз 558
навбатӣ