Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қарор дар бораи гузаронидани ташхиси дактилоскопии…
Касе ба дар ангушт зад ва Фирдавси Ҳаким баҳри даромаданаш рухсат дод.
– Асалому алайкум.
– Воалайкум ассалом, – гўён муфаттиш ба истиқболи шахси вориди дафтари кориаш шуда аз ҷой бархесту дар рў ба рўйи хеш Асо Ҷўраро дида гуфт:
– Ҳа омадед?
– Чӣ хеле ки мебинед.
– Лаҳзае пеш ман ба навбатдор занг задам, гуфтанд, ки шумо баромадед.
– Бале, ман ба навбатдор гуфтам, ки ба прокуратура меравам.
– Марҳамат гузашта шинед ман ҳозир, – гўён муфаттиш боз тугмачаҳоро дар мошинкаи чопӣ пахш кардан гирифт.
Асо Ҷўра сари андешаҳои хеш монд. Тук – туки тугмачаҳои мошинкаи чопӣ мусиқии ноҷўреро ба ёд меовард ва Асо Ҷўра зери ин мусиқии ноҷўр ҳеҷ натавонист фикру андешаҳояшро гирд оварад. Баъди даҳ дақиқа ў қарорҳоро бо далелҳои шайъӣ ба даст гирифта бо муфатиш худоҳофизӣ намуд…

… 11 …

Ваколатдори кофтукови ҷинояти ШКД–и ноҳияи Сарчашма капитани милиса Сорбони Ҳомид низ дар ин шаб мижа таҳ накард. Баъди рафтани аъзоёни гурўҳи фаврӣ – тафтишотӣ ў болои мизи кориашро, ки намуди «Т» дошт аз қоғазу ҳуҷҷатҳо тоза намуда, бистар густурд ва дароз кашид. Гумон дошт, ки бо чунин мондагӣ ҳамоно хобаш мебарад, вале дар асл ҳамааш баръакс шуд. Солиёни зиёде, ки ў дар милиса кор мекунад, бори аввал чунин муносибати сарди занро нисбат ба нимаи дуюми хеш дид. Агар дар лаҳзае, ки ҳамсари Розиқ Амонро аз беморхона ба хонааш оварданд ва зан ҷисми сарди шавҳарро дид ҳатто оҳи бадард ҳам накашид, ў дар иҷрои вазифаи хизматӣ намешуд гиребонашро дошта назди Офаридгор тавба мекард.
Сад афсўс, ки ў дар хизмат буду ҳамин корро карда натавонист.

пешина
аз 558
навбатӣ