Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Чаро хомўш шудед?
– Воҳид Камол муҳобот намудааст.
– Ҳеҷ боварам намеояд, ки Воҳид Камол…
– Ихтиёратон.
– Не, ин ҷо Воҳид Камол ҳақиқатро гуфт, чунки яроқи ў ва ў баринҳо танҳо ҳақиқат аст. Дигар кас мешуд мумкин, вале Воҳид Камол касеро бе асос ситоиш намекунад.
– Дар мардуми мусулмон сухани маълуме ҳаст, ки мегўянд:
«Худозада бошу арвоҳзада не» маҳз ҳамон мардеро ки замоне ба ватан хиёнат намуда буд, рўҳу арвоҳи гузаштагони ҳамин ватан заданд ва дар ин ҷо ягон хизмати банда нест.
– Воҳид Камол чӣ гуфтанашро медонад.
Абдумаҷидов ба ёд овард, ки боиси ба сахна баромадани ҷосус Тешаи Санг кушодашавии ду шифрограммаи ба даст овардаи КБД гардид. Вақте ки ададҳои панҷрақамаи яке аз шифрҳо дигар шуд, контрразведка ба хулосае омад, ки дар миқёси шаҳрӣ на як гурўҳ, балки ду гурўҳи радиоалоқачиён ба як хоҷа маълумотнома медиҳанд. Танҳо пас аз кушодани шифрограммаҳо тахмини кормандони контрразведка рост баромад ва амалиётҳои минбаъда баҳри дастгир намудани гурўҳи ҷосусӣ дар зери назорати худи КБД гузашт…
Ҳодисаи бо Абдулло Хокироҳ рухдода тамоман дигар бошад ҳам, вале ҳамин ҷо ҳам баҳри ба даст овардани маълумоти бештаре такони бузурге лозим буд. Маҳз ҳамин такон метавонист чун генератор қувваро ба ноқилҳои пайваста баҳри ба вуҷуд омадани рўшноӣ бидиҳад. Майори милиса Абдумаҷидов дар ҳамин ақида буд, ки аз ҳама беш баҳри ба амал овардани рушноӣ ва рўйи саҳна баромадани қотили бародар Дунёи Хокироҳ метавонад саҳм гузорад…
Занги телефон садо доду соҳиби утоқ гўшакро бардошта гуфт:
– Гўш мекунам. Ҳа, шинохтам. Чаро? Танҳо ҳамроҳи шеф суҳбат дорем. Гўё намедонӣ, ҳамроҳи Наврўз Умарович. Он кас маро ба зиёрати оромгоҳи Бурхи Сармасти Валӣ фиристоданист. Не, аз ҳисоби худаш не, аз ҳисоби Воҳид Камол. Ҳа, албатта, харҷ агар аз киссаи меҳмон бувад, Ҳотами Той шудан осон бувад. Ҳоло даст ба ҷайбашон бурдани нестанд, ҳамин хел дастгирии маънавӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор