Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ба ҳаминаш ҳам шукр гўям? Хайр, ана гуфтам. Саломатонро ҳам мерасонам. Баъди ним соат расида меоям.
Чӣ хел тезтар, о магар сардорро ки аз утоқи кориаш пеш кардааст, ки ман пеш намоям, агар баъди ним соат ҳам рухсат диҳанд, – гўён Абдумаҷидов гўшакро ба ҷояш гузошта гуфт:
– Сиддиқов салом гуфтанд.
– Саломат бошанд, боз чӣ навигарӣ?
– Дунёи Хокироҳ дар наздашон мехоҳанд, ки ҳарду якҷоя ўро пурсем.
– Беҳтараш худи ҳозир хеста мерафтӣ?
– Не, дар вақти таъиншуда меравам.
– Чӣ вақтро он кас таъин намуданд?
– Бале, чунки сараввал онҳо бояд ба мурдахона раванд, баробари аз он ҷо баргаштан ба пурсиш оғоз хоҳанд кард.
– Шумо тарзе гап задед, ки ман гумон намудам…
– Гумони бад чӣ лозим?
– Гумони бад не, ҳамин хел дар чунин лаҳзаҳо дар майнаи одам ҳар гуна гумонҳо сайр мекунанд.
– Шояд гумони ботил бошад?
– Ҳаминаш ба ҳақиқат наздиктар аст. Дигар вақтатонро нагирам беҳтар,– гўён сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ аз утоқи кории Абдумаҷидов берун шуд…
– Абдумаҷидов ба соати калони деворӣ нигарист. Соат 1005 дақиқаро нишон медод. То вохўрӣ дар прокуратура биступанҷ дақиқаи дигар монда буд. Аз бинои милиса то пеши прокуратура даҳ– дувоздаҳ дақиқа роҳ буд. Дар ихтиёри ў бошад…
Акбар Ҳакимович парвандаи ҷустуҷўйро оид ба куштори Абдуллои Хокироҳ аз говсандуқ бародарда болои мизи кориаш гузошт ва онро варақгардон намуд. Сипас, аз ғаладони мизи корӣ қоғази сафедеро бароварда чорқат намуд ва бо ҳарфҳои хоно аз парвандаи ҷустуҷўйи баъзе қайдҳоро болои қоғази сафед навишта, қоғазро ба ҷайб зада, аз бинои милиса берун шуд…
... 27 …
– Худаш чӣ гап? – пурсид кампири Анор чашм кушода.
– Намедонам бибиҷон, ман аз кўча баргашта шуморо паси дарвозаи ҳавлӣ афтида дидам, сипас давида бобоҷонамро аз роҳ гардонида овардам, оҳиста ба тарафи бибиаш чашмак зада гуфт Суман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор