Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ба хотири ў ман бояд чӣ кор кунам?
– Автоматро баргардонед.
– Агар баргардонам чӣ?
– Дар он сурат дўсти ман маҷбур мешавад, ки оид ба гум шудани автоматаш ба роҳбаронаш хабар диҳад.
– Абдуллои Хокироҳ автоматро аз милиса дуздидааст магар?
– Не.
– Пас чи хел дўсти милисаатон менависад, ки автоматро дуздиданд?
– Албатта, вақте ки дўсти милисаам дар бораи гум шудани автоматаш менависад, ў маҷбур аст, ки дар бораи ба ман додани автоматаш ба роҳбарияташ арз намояд. Бинобар он, ки додани яроқи оташфишон ба шахси бегона маън аст, ҳаракати дўсти милисаам, аллакай, ҷиноят аст. Маҳз ба ҳамин хотир ў то имрўз об ба даҳон гирифтааст. Дуюм ин, ки ҷасади дар соҳили дарёчаи Сароб пинҳон намудаатонро субҳи рўзи 26 апрел ёфтанд ва ҳоло дар ин бора прокуратура ва ШКД ноҳияи Гулистон тафтиш бурда истодаанд. Азбаски автомат ҳамроҳи мақтул ёфт нашуд, шахсе ки маро ҳамчун кафил ба назди шумо фиристодааст, дар ҳамин ақида аст, ки автомат дар дасти шумост.
Қосим лаҳзае хомуш монда, боқимондаи чойи хунукшудаи пиёларо ба гулўяш рехта, пиёларо ба тарафи мусоҳибаш дароз кард.
– Истед, ки ман ҳеҷ нафаҳмидам, чӣ хел як автомат аввал ба дасти шумо ва сипас ба дасти дўстатон афтидааст?
– Ба фикрам шумо маро гўш накардед.
– Не, чаро гўш намудам, вале шумо мағзи гапро нагуфтед.
Баробари хомўш шудани садои мусиқӣ пешхизмат назди мизи онҳо ҳозир шуд. Ҳарчанд ў сухане нагуфт, вале нигоҳаш мегуфт, ки тарабхона ҷойи чой нўшида суҳбат кардан нест, барои чунин суҳбат чойхона ҳаст. Тарабхона бошад ҷойи айшу нўш, ҷойи киссаро холӣ кардан аст.
– Хурок биёред,– амр кард Тўйчӣ Ҷалол.
– Хуб шудааст, чӣ биёрам?– андаке хушҳол шуда гуфт пешхизмат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор