Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ҳар чӣ беҳтар бошад, аз рўйи салоҳдиди худатон.
– Барои ҳардуятон.
– Бале.
– Шароб чӣ?
– Шароб лозим не, вале метавонад аз ҳисоби банда худатон нўшед.
– Ташаккур,– ман ҳозир гўён пешхизмат ба Тўйчӣ табассуми зебое ҳадя намуда, аз пайи иҷрои супориш рафт…
– Гуфтам– ку банда нисфи умри хешро дар кўҳу ёна аз қафои гала гузаронидам ва умуман ба номи камина ба ҷуз номи галабон боз номи галабони шикорчӣ ҳамроҳ шудааст. Рўзи 8 апрел ҳамон дўсти милисаам аз ман хоҳиш кард, ки барояш як пўсти хирс пайдо кунам. Гуфтам хирс ин рубоҳ ва ё сағур нест, ки онро ба таёқи чўпонӣ аз пой афканда, пўсташро кашида гирам. Гуфт, ки муҳимаш он аст, ки ман розӣ шавам. Дигар ман чӣ ҳам мегуфтам? Рўзи дигар ў худаш ба хонаи мо як автомат бо тирдонаш овард. Инчунин боз ду қуттӣ тир ҳам. Ҷамъ чил дона тир. Азбаски дар тирдон тир набуд, ман то рўзу соаташ ба тирдон тир намондам. Рўзи 10 апрел вақте, ки барои ҷамъ кардани гала мерафтам, аз пешам Абдуллои Хокироҳ баромад.
Тайи як моҳи охир ў як ҳафта дар хаймаи фақиронаи банда умр ба сар бурда буд ва мо қариб рафиқи наздик шуда будем.
Аз дидани ў аслан ман шод нашудам, чунки дар китфам автомат буд. Ҳарчанд ў дар бораи автомат чизе напурсид, вале дилам хиҷил гашт. Охир, одаме, ки боре бо яроқ сару кор дошта бошад, чун заргар, ки қадри зар медонад, қадри яроқ медонад. Абдуллоро гуфтам, ки ба хайма равад ва худ барои ҷамъ намудани гала аспро қамчин зада, аз наздаш дур шудам. Албатта, автоматро ба ҷуз дар кўҳ пинҳон намудан чорае набуд.
Шояд Абдулло ҳам гурги борондида будааст, ки мақсаду мароми бандаро фаҳмида, аз қафоям назорат намудааст, то автоматро соҳиб шавад. Маҳз суҳбатҳои ўро ба ёд оварда, он субҳ аз дидораш шод нашудам. Барои Абдулло ва ў баринҳо автомат мояи ифтихор буд ва баҳри ба даст овардани он тайёр буд, ки модари зорашро ҳам фурўшад. Ҳамин чизро ба ёд оварда баъди ҷамъ намудани гала автоматро дар ҷомаам печонида дар лонаи куҳнаи суғуре пинҳон намудам. Дар он мавзеъ хонаҳои зери заминии суғурон бешумор буданд. Қарибиҳои пешин ба хайма баргаштам. Абдулло дар паҳлуи хайма ҷойи хоб густурда истироҳат дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор