Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Тамоми шаб мижа таҳ накардам, баробари дамидани субҳ аспсавор ба ҷустуҷўйи Абдулло баромадам. Сад метр болотар аз пайроҳае, ки ба ҷойи ҳодисаи рухдода мебурд, ҷомаи худро дарёфтам. Шояд ҳамон ҷо Абдулло омадани автомашинаҳоро интизор будааст. Вай борҳо ба ман дар бораи роҳзанҳои бузурги дунё нақл намуда буд. Филми дўстдоштааш бошад «Роҳзанҳои асри бист». Аз ҳамин рў вақте ки ман ҷомаамро болои майсаи баҳорӣ дар наздикии роҳи калон ёфтам, ба хулосае омадам, ки ў яроқнок шуда барои роҳзанӣ ва ғорати мусофирон рўйи роҳ баромадааст. Ниҳоят баъди азназаргузаронии роҳҳои гирду атроф калиди 32 ба 36–ро ёфтам.
Бинобар он ки калид хунолуд буд, ман ба хулосае омадам, ки Абдулло касеро бо калид зада ғорат намудааст, чунки автомат тир надошт. Он калидро ман ҳамчун далели шайъӣ ба муқобили ў гирифтам. Сипас, дар ин бора ба милисаи дўстам, соҳиби яроқ, муроҷиат намудам. Азбаски ў имконияти гирд овардани маълумотро дошт, тамоми кўшиши хеш ба харҷ дода муайян намуд, ки дар он шаби наҳс ба ҷуз автомашинаи худат дигар ягон намуди нақлиёт гузаштагӣ нест. Аз рўйи маълумоти ба даст оварда, дар паҳлуят мўйсафеде менишастааст, вале то кунун мо шахсияти ўро муайян карда натавонистем…
– Кӣ ва чӣ кора аст он милисаи дўстат?
– Бе иҷозати ў ман шахсияташро ошкор карда наметавонам. Бояд гуям, ки дар милиса мақоми баланд дорад.
– Медонам.
– Аз куҷо медонӣ?
– Чунки агар мақоми паст медошт, ҳеҷ гоҳ автоматро ба худат намедод ва ба замми ин дар давоми як моҳ гум шудани онро пинҳон намекард. Акнун гўед, ки мактубро кӣ навишт?
– Чӣ лозим ҳамин гапҳо? Беҳтараш ба сари мақсад биёем.
– Ман боз мепурсам, ки мактуб бо амри кӣ навишта шудааст? Муаллифонаш ва боз оне, ки мактубро ба қуттии почтаи мо бурда партофтааст?
– Ба қуттии почтаи шумо мактубро шаби гузашта ман бурда партофтам. Ягон гуна амр дар ин бора набуд. Мактубро бошад ҳамон милиса ба ман дод.
– Суроғаи маро чӣ хел ёфтед?
– Гуфтам– ку ҳама гуна маълумотро ҳамон милиса гирд овард. Суроғаатонро ҳам. Ман бошам бо хоҳиши он кас такрор мекунам, хоҳиш, на амр чор маротиба ба суроғатон рафтам, вале шуморо наёфтам.

пешина
аз 558
навбатӣ