Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Дар воқеъ, гуфтам, ку тирдони автомат холӣ буд ва тирҳо дар киссаам. Шояд Абдулло пинҳон намудани автоматро дида осуда шуда ба хайма баргашта буд. Чун ман омадам ў ҳатто напурсид, ки ҷомаам куҷост. Худам ҳам он лаҳзаҳо дар ин бора фикр накардам. Бегоҳӣ вақте ба лаби чашма барои овардани об рафтам тирҳои дар ҷайбам бударо ба рўймолчаам печонида зери харсанги калони паҳлуи чашма пинҳон намудам ва ба қавле осуда гаштам. Он шаб ва шаби дигараш Абдулло дар хаймаи ман истод ва субҳи рўзи 12 апрел ҳарду аспсавор галаро ҷамъ намуда ба деҳа омадем. Аслан Абдулло ба деҳа наомад. Ў дар роҳ ба тарафи хаймаи чўпон Назрӣ Раҷаб рафт. Ман бошам ба деҳа омадам. Чун ба хона омадам то шом ба сари гала рафта натавонистам. Бегоҳӣ ба бевақтии рўз нигоҳ накарда, аспсавор ба сари гала рафтам. Агар намерафтам ҳам мешуд, вале як гўшаи дилам барои автомати дар саҳро мондаам хиҷил буд. Аз пеши хайма гузашта истода чун фаҳмидам, ки касе нест ҳатто аз асп нафаромада ба ҷойи пинҳоннамудаи автомат аспро қамчин задам. Бояд гўям, ки он мавзеъро ман на танҳо дар шаб, балки дар шаб бо чашмони баста ҳам меёфтам. Дар наздикии ҷойи пинҳонкарда аз асп фаромада, онро бастам ва худ ба тарафи ҳамон хонаҳои зери замини суғурон рафтам. Ба сурохии лона даст бурда дилам гум зад на ҷома буд ва на автомат. Дар торикӣ ҳам бошад ман мисли тир худро болои асп гирифтам ва ба назди чашма омадам.
Паси харсанги калонро кофта тирҳоро ёфта, каме ҳам бошад осуда шудам. Боз ба асп нишаста, то хаймаи Назрӣ Раҷаб рафтам то бифаҳмам, ки Абдулло ҳаст ё не. Назрӣ гуфт, ки Абдулло соате ҳамроҳаш нишаста, ба тарафи деҳа ҳаракат намудааст ва баъди аз назар ғоиб шуданаш самти ҳаракаташро дигар намуда, ба тарафи кўҳ, ба тарафи хаймаи ман рафтааст. Инро Назрӣ бо чашми хеш дидааст, чунки барои баргардонидани гўсфандон, ки ба тарафи дигари ёла ҳаракат намуданд, рафта будааст…
Пешхизмат хўрок оварда, назди онҳо гузошт ва барояшон иштиҳои том таманно намуд. Садои мусиқӣ аз нав танинандоз гашт, вале Тўйчӣ Ҷалолу Қосими галабон саргарми суҳбати хеш буданд ва ҳар кӣ бо дарду доғи дили хеш овора. Қосим қошуқро ба даст гирифта, онро поккунон ба суханаш давом дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор