Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Чӣ гўям?
– Мусулмонӣ ин сарнавишт ва тақдири азалии туст, вале инсон буданат ба худат вобаста,– гуфт дар охири суҳбат падар.
Дунёи Хокироҳ ончунон бо сўзу гудоз бародарро ба ёд овард, ки на танҳо дили бандаи муъмин, балки дили санг ҳам об мешуд. Маҳз ҳангоми суханронии Дунё Абдумаҷидов суханони падарро ба ёд овард ва нахост, ки болои сўхта намакоб пошад…
Дар пеши даромадгоҳи бинои милиса ў бо сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ рў ба рў омад.
– Хайрият омадӣ, худи ҳозир ҳуҷҷатҳоятро тахт намуда фардо субҳ ба роҳ бароед,– гуфт Наврўз Умар.
– Ба фикрам сафарро каме ба таъхир андохтан лозим меояд.
Сардори бахш дар берун мунозираро ба шаъни хеш эб надониста, ҳамроҳи Абдумаҷидов аз нав вориди бино шуд ва чун ба утоқи кориаш даромада, ваколатдори кофтукови ҷиноятиро ба нишастан таклиф намуд ва лаҷоми суханро ба даст гирифта пурсид:
– Чаро рафтанатонро ба таъхир андохтан лозим будааст?
– Бо дасти хушку холӣ ба сафар баромадан маъние надорад.
– Чӣ магар апаи мақтул ягон нуги гиреҳро накушод?
– Не.
– Чӣ ҷойи хафа шудан рафту ў дар ҳақиқат дар бораи зиндагии солҳои охири бародар ягон чиз надонад.
– Намедонам.
– Гиреҳро аз дигар тарафаш гирем чӣ?
– Ба гумон аст.
– Шуморо нафаҳмида истодаам.
– Аз пайроҳаи Абдуллои Хокироҳ моро як бор гузаштан лозим меояд, вале кўр - кўрона амал кардан ба манфиати кор нест. Ман аз вохўрӣ бо Дунёи Хокироҳ дигар хел умед доштам, вале ҳамааш баръакс шуд. Дунёи Хокироҳ ҳатто номи нафареро гирифта натавонист, ки бо бародараш шинос бошад. Акнун моро лозим меояд, ки ақаллан бо Амонуллои Султон суҳбат намуда, баъдан ба пайроҳаи Абдуллои Хокироҳ бароем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор