Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– О ман ҳам дар ҳамин фикрам. Фардо сари қадам аввал ба ноҳияи Дарбанд назди Амонуллои Султон даромада, суҳбат намоед ва сипас роҳатонро давом диҳед.
– Ҳамаи гап ҳам дар ҳамин– да.
– Чӣ Амонуллои Султон ҳам…
– Не, фикратонро дур набаред. Амонуллои Султон соқу саломат, вале ҳоло ў дар ноҳияи Дарбанд нест.
– Аз куҷо медонед, ки ў дар ноҳияи Дарбанд нест? Пас ў дар куҷост
– Ҳамин соатҳо дар роҳ, ба шаҳр омада истодааст. Дар ин бора хабарро аз сарчашмаи аввал, аз худи Дунёи Хокироҳ гирифтам. Ҳамаи он чи ки дар тўлии суҳбати дусоата ба даст овардам ҳамин хабар буд.
– Хайр ўро дар ҳамин ҷо ёфта, пурсидан лозим.
– Ин кор ғайриимкон аст.
– Чӣ хел?
– Чунки Амонуллои Султон ҳамроҳи собиқ ҳамсабақаш аз пайи фиристодани мақтул мешавад ва мо аслан бо ў имрўзу фардо имконияти суҳбат намудан надорем. Агар мо ҳатто ягон кўшиш ҳам намоем, аз ду сар Амонуллои Султон ба суҳбат розӣ нахоҳад шуд. Чунки ҳар як рафтори мо мақоли халқии буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбуро мемонад, ки оқибаташ ба манфиати мо нест.
– Ба фикри шумо чӣ бояд кард?
– Як – ду рўз сабр кардан лозим. Чун Амонуллои Султон Дунёро гусел намояд, мо ўро ба идора таклиф намуда, ҳамроҳаш суҳбат менамоем. Баъд дар асоси нишондоди ў нақшаву чорабиниҳои навбатиро матраҳ месозем.
– Рафту ў ҳам мисли собиқ ҳамсабақаш ягон хабари дуруст надиҳад.
– Ҳар кор шуданаш мумкин ва касе дар ин ҷода кафолат намедиҳад. Баъди ин мо номи ўро аз рўйхати шахсоне, ки пурсиданашон ҳатмист, хат мезанем. Ҳамин ҳам як тарафи кор аст.
– Ман шуморо фаҳмидам, бисёр нағз фаҳмидам, вале Воҳид Камол ҳамин чизро мефаҳмида бошад? Охир соате пештар вақте ки шумо дар прокуратура будед, сардори ШКД маро наздаш хонда супориш дод, ки ҳар чи тезтар ба сафари дар пешистодаатон мусоидат намоям.

пешина
аз 558
навбатӣ