Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ман чи гуфтанамро медонам, чунки сари хеш дар милиса сафед намудам. Ронанда гунаҳкор аст ва он чи ки ў худатро тарсонидааст аз рўйи принсипи «ҳуҷум воситаи беҳтари ҳимоя»
амал намудааст.
– Ман чунин фикр надорам.
– Вале ман чунин ақида дорам. Охир ман бо худат дар бораи аспу аспсаворӣ ва бузкашӣ баҳс намекунам, чунки медонам, ки дар ин ҷода пиёдаам.
– Ва ман ҳам бояд баҳс накунам.
– Ба ман бовар намоед. На шумо ва на он ронанда гумон накунед, ки ман саҳфан ба чунин мақом расидаам. Система ҳамин хел аст, хоҳи ки курсиро нигоҳ дорӣ бояд муросо намоӣ.
Шумо ки лаззати курсиро намедонед фаҳмидани ин кор бароятон душвор аст. Илтимос баҳс накунед.
– Баҳс намекунам, агар баҳс боиси малоли хотиратон шуда бошад, бубахшед.
– Дар қиссааш набош, агар банда шахси дар дилгир мебудам, ба чунин марому мартаба мерасидам?
«Марому мартабаат саратро хурад гумон дорӣ, ки мардум нодонанду намебинанд, ки ту чи хел ба курсии мансаб расидӣ?
Порадеҳи лаънатӣ»,– аз дил гузаронд Қосими Асад.
– Чаро хомўшӣ?
– Андешаи онро дорам, ки оё дуюмбора ба назди Тўйчӣ Ҷалол рафта чӣ гўям?
– Чӣ ҳам мегуфтӣ? Агар вайр тарсонида тавонӣ, ҳамааш нағз мешавад.
– Рафту агар вай бо ивази хизматаш ягон чиз талаб намояд чӣ?
– Ба ҳама шартҳояш розӣ шав, муҳимаш яроқро ба даст биёрем.
– Майлаш ин даъфа ҳам мекушам, агар нашуд ман дигар назди ў намеравам.
– Ба ҳар ҳол кўшиш намо.
– Кай аз пайи кор шавам?
– Корро ба таъхир андохтан мумкин нест, чун яроқро ба даст орем, баъд ҳарду нағз истироҳат мекунем, акнун аз пайи кор шавед, чунки даҳ дақиқа пас ман бояд дар маҷлиси оҷилии назди раиси ноҳия бошам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор