Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Майлаш ман рафтам, дар амони Худо бошед,– гўён Қосими Асад аз ҷой бархеста, аз утоқи кории сардори ШКД–и ноҳияи Сайёд берун шуд…
– О падарлаънат, бубин аллакай забон баровардааст, чун яроқ ба даст биёрам, пас бо ту чи кор карданамро медонам, чунон намоям, ки кунҷи зиндон масканатон гардад. Не, худам не, дар ин ҷо ҳам не, дар ҷое туро хоҳанд дастгир намуд, ки худат нафаҳмӣ ки балои ногаҳонӣ чун сел аз куҷо ба сарат омад.
Дар ҳамон вақт ҳам ман чун дўст ба айёдатат хоҳам омад, то аз банда гумонбар нашавӣ ва ҳатто барои озод намуданат кўшиш ба харҷ хоҳам дод, вале ҳамаи ин ба ҷуз чашмбандӣ дигар чизе нест. Хешу ақрабоят хоҳанд дид, ки банда ба ту чӣ дилбастагие дорам ва албатта, кўшишҳои бандаро чун қарзи инсонӣ, қарзи дўстӣ ба гўшат хоҳанд расонд. Ман гург ҳам бошам дар ҷомаи меш даромада, бо худат муросо мекунам ва ҷаҳанамро ҷоят менамоям. Ту лаънатӣ то охири умр намефаҳмӣ, ки Самандари Сармад кист. Ман ҳеҷ гоҳ ту барин носипосонро намебахшам.
Ҳис намуд, ки вазъи дилаш хуб нест. Бо азобе аз ҷой бархеста назди ҷевони китобҳо, ки маҷмуи қонунҳои ҷумҳурӣ буданд рафт ва ба пиёлаи дар як рафии ҷевон истода аз шиша оби минералӣ рехта, сипас ба болои он бист қатра «Корвалол» ҳамроҳ намуда нўшид ва боз омада ба ҷояш нишаста зиндагии хешро пеши назар овард…
Аз падару модар барвақт ятим монд. Ҳама мегуфтанд, ки сағираро балояш намерасад уболи ҷони мирандагон (падару модараш дар назар аст). Сипас, ў ва хоҳарашро бо хонаи кўдакони бепарастор доданд. Зиндагӣ ки бо дасти шахшулаш сари онҳоро навозиш карда буд ў ва хоҳараш Товусро маҷбур сохт, ки бо аторофиён муросо карданро омўзанд ва дар як муддати кўтоҳ ҳарду ҳам дидадарои аҳли мураббиёни кўдакистон гаштанд. Маҳз ҳамин хислатҳо минбаъд ўро дар зиндагӣ дастгиру мададгор шуданд. Ба мактаби милиса дохил шуд, чанд сол нозири минтақавӣ кор кард ва бо роҳбарон муросо намуда, бо кумаку дастгирии онҳо ба шуъбаи ғоибонаи мактаби олии милисаи шаҳри Тошканд дохил гашт. Боре ҳам сухани ягон роҳбарро нашикаст ва ҳамин чиз ўро ба зинаҳо боло баровард.
Худ ки ҷавони зебо буд, духтарон орзуи ҳамсар шуданашро мекарданд, вале ў аз байни ҳама духтарҳои зебо ба духтари яке аз воломақомҳои ҳизбӣ, ки мудири шуъбаи маъмурӣ буд, дил бохт, ҳарчанд духтар зебо ҳам набуд.

пешина
аз 558
навбатӣ