Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Не мактуб аз дигар кас буд, мактуб ин ҷо дахл надорад, ин даъфа дурўғ гуфт ў ва худро дар дил мазамат намуд, ки чаро аз аввали суҳбат ҳамсарро ба дурўғўйи талқин намуда, мавзўи мазкурро мавриди баҳс қарор дод, вале ба мавзўи мазкур нуқта гузоштан лозим буд ва аз ин рў ў чунин гуфт:
– Чӣ мавзўйи дигар нест, ки мо сари кадом як марди шилқин баҳс мекунем. Дирўз ҳангоми аз ҳавлӣ баромадан марде даст бардошт ва банда автомашинаро боздошта, матлабашро шунидан хостам. Маълум шуд, ки ў ҳамон марди ба суроғи ман омада будааст, ки салому паёми хоҷаашро овард. Ман дар худи ҳамон ҷо таклифи ў ва хоҷаашро рад намудам, вале он кас гуфтанд, ки сабур бошам ва сари ин масъала андеша намоям.
Аз ҳамин лиҳоз, мегўям, ки шояд боз омада монад.
Аҷиб мақсади он мард чӣ будааст? Ҳаррўза ба воситаи оинаи нилгун нишон медиҳанд, ки бархе аз ашхосе барои ба даст овардани давлату сарват ба интиқолу фурўши маводи муҳаддир даст мезананд.
Наход он марди ба суроғи падари Зафарҷон омада, ҳамроҳи хоҷааш мехоҳанд Тўйчиро ба чунин кори нангин ҷалб намоянд? Не, аз чунин кор Худо нигоҳ дорад. Падари Зафарҷон нағз намудааст, ки ба суханони он марди шилқин гўш надодааст. Охир чунин сарвату давлате, ки ба бадбахтии ҳазорон нафар асос мегузорад, ба кӣ лозим. Бигузор мо нони хурдан наёбем, вале ба чунин кор даст намезанем. Агар он мард биёяд ман чи гуфтанамро медонам, ўро чунон боб кунам, ки дигар роҳи ин хонаро фаромўш созад,– аз дил гузаронд Лола.
– Чаро хомўш шудӣ?
– Ҳамин хел сари суҳбати худат ва он марди шилқин андеша намудам. Агар он мард биёяд, ман ўро чунон намоям, ки роҳи ин хонаро фаромўш созад.
– Ана, ҳамин корро кардан мумкин нест. Магар нашунидаӣ, ки гуфтаанд: ҷавоби аҳмақ сукут. Мо ҳақ надорем, ки нафареро беасос дар пеши дари хонаамон ранҷонем. Ба замми ин ман гуфтам– ку ин ҷо он мард ягон гуноҳ надорад ва танҳо салому паёми хоҷаашро овардааст. Акнун то қавл надиҳӣ, ки он мардро рафту агар боз ба суроғи банда биёяд, намеранҷонӣ ман барои бурдани хиштҳо намеравам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор