Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Майлаш, метавонӣ осуда бошӣ. Худатро аз чунин фардҳои беору номус канор гирӣ беҳтар. Ман бошам ба он кас мегўям агар ба суроғат биёяд, ки худат ба Бадахшон рафтаӣ.
– Офарин донояки ман аз рухсораи Лола бўсида аз хона берун шуд Тўйчӣ Ҷалол.
Автомашина дар байни анбуҳи зиёди нақлиёти шаҳрӣ базур мисли самбақа ба пеш ҳаракат мекард. Ҳаракати автомашинаи калон дар байни автомашинаҳои майдаи гуногунтамғаи хориҷӣ, ки ҳоло дар шаҳр хеле зиёд шуда буданд, як манзараи ноҷўреро мемонд, вале ин ҳамааш муваққатӣ буд. Баробари ба чораҳаи аввалин расидан автомашинаи «Камаз» ба тарафи рост тоб хурд, ки ин роҳро роҳи гўшаи шаҳр меномиданд ва аз кўчаҳои нотаъмиршуда ба тарафи заводи хишти шаҳр ҳаракат намуд…
Ў тамоми роҳ дар андешаи он буд, ки дар давоми се ҳафта тамоми он сад ҳазор дона хиштро ба мактаб бурда, саҳми хешро дар таълиму тарбияи насли наврас мегузорад. Вале баробари ба дарвозаи завод наздик шудан тарбуз аз бағалаш афтид. То ҳанўз ў гумон дошт, ки дар шаҳр тинҷию оромӣ шудааст, вале он чи ки ў ин саҳар дар пеши заводи хишт дид…
Дар паҳлуи девори завод, бо роҳи калони автомобилгард, ки собиқ кўчаҳои Зайнабобод ва Партизани сурхро ба ҳам мепайваст, се – чор автомашинаи гуногун тамға пеши дарвоза дар навбат буданд ва ў низ автомашинаи хешро аз қафои онҳо ба навбат рост намуд. Ҳарчанд аз рўйи гуфти ронандагони пештар омада автомашинае дар дохили завод барои гирифтани бор надаромада буд, вале ҷавони низомипўше дар «ҳимоя»-и қаровулӣ пеши дарвоза омодагии хешро нишон дода, касеро вориди завод шудан намемонд. Интизорӣ қариб як соат тўл кашиду ниҳоят аз самти собиқ кўчаи Телман чор автомашинаи низомӣ пайдо шуданд ва он низомипўши пеши дарвоза ба истиқболи онҳо баромада, ба мўйсафеди дарвозабон амр намуд, ки дарвозаро кушояд ва ҳар чори он автомашинаҳо бе ягон мамониат вориди завод гаштанд ва низомипўш ин даъфа ба мўйсафед кумак намуда, як тарафи дарвозаро ба ҷойи аввалааш бурд. Аз суҳбати ронандагон Тўйчӣ Ҷалол ҳамин қадар фаҳмид, ки автомашинаҳо барои кадом як қумандоне хишт мебурданд. Гуё ному насаби он қумандон дар зери грифи 00 (совсекретно тамоман махфӣ) буда ба гумон буд, ки касе аз коргарони завод ҳам онро донад, ба ҷуз директор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор