Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунин шахсон аслан ҳама кори хешро ба воситаи гўшаки телефон ҳалу фасл мекунанд ва қандата хуру гапашро ба замин мон. Директори бечораро ҳам фаҳмидан мумкин, охир ў худ лўхтаки дасти чунин ашхос аст ва ҳеҷ гоҳ ба хотири кадом як мактабе шуда муносибати хешро бо калони низомипўшон бад нахоҳад кард.
Аслан ронандагон мардуми пуртоқатанд. Ҳамин чиз аз замони ҳукумати шўро ба мо мерос монда. Тўйчӣ Ҷалол дар ёд дорад, ки чи тавр дар замони ҳукумати шўро ронандаи ҳамдеҳааш ҳамдеҳаи дигарашро, ки раиси колхоз буд, интизор мешуд. Соатҳо не, соат кам аст, агар лозим мешуд рўзҳо дар пеши дари идораи колхоз сари рул аз интизорӣ ғанабаш мебурд, то ки он раиси сармаст, ки худро аз аъзои бюрои сиёсӣ кам намедонист, ўро аз кор пеш накунад. Ҳоло замона дигар шудагӣ ҷойи аъзоёни бюрои сиёсӣ ва раисони онвақтаро ҳамин қумандонҳо гирифтагӣ. Ҳама гуна раису директорҳои замони советӣ ба қумандонҳои навбаромад дастобгир шуда наметавонанд. Модоме ки чунин аст аз дасти директори завод чӣ меояд ё аз ҷонаш сер шудааст, ки гапи худи қумандонро ба замин мемонад. Ва Тўйчию он чанд ронандаи дигарро низ ба ҷуз интизори дигар чорае намонда буд.
Интизорӣ бадтар аз ҷон кандан аст. Маҳз дар чунин лаҳзаҳо дар майнаи ҳар як инсон фикру андешаҳои гуногун пайдо мешаванд ва Тўйчӣ низ чун инсон аз ин чиз орӣ набуд, модоме ки ў барои чунин фикронӣ ва андеша асос дошт, ки он таги як моҳи охир ўро дунболгир буд.
Вохўрии дирўза бо вакили милиса ўро ҳеҷ ором намегузошт. Ў ҳеҷ гумон надошт, ки ҳамин хел осон ба даст меафтад.
Бори каҷ ба манзил намерасад. Агар онҳо ҳамон шаб каме майна об мекарданд, имрўз ҳоҷат ба майнаобкунӣ ҳам набуд.
Охир ў ва мўйсафед аз куҷо медонистанд, ки автомати бетир аз роҳзан набуда, балки яроқи хизмати кадом як мансабдори милиса аст, ки онро барои ба даст овардани пўсти хирс ба кадом як галабоне додааст. Ақли одам намегирад. Наход ҳомии қонун ба чунин кор даст занад? Магар ў минбаъд ҳуқуқи дар вазифаи хеш истодан дорад? Моҳӣ аз сараш вайрон мешавад. Об агар аз сарчашмаи лойолуд бошад, тоза кардани поёноби он маъние надорад.

пешина
аз 558
навбатӣ