Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рафтори низомипўшони рўйи роҳ милисаҳои тамаъҷўйи бунгоҳҳо Абдуллои Хокироҳ ки дар хуни хеш оғушта гашт милисае ки яроқи хизматиашро ба кадом як галабоне ба гарав дода Бориқи хар бо ноибу ноибчаҳояш ва охирон қумандони имрўза таъби бе ин ҳам хираи ўро хиратар сохт. Ў ҳамаи ин ашхосро ки ҳалқаи як занҷир буданд, чашми дидан надошт, вале доди хеш ба кӣ мегуфт, замин сахт буду осмон баланд…
Лола гумон дорад, ки кадом гурўҳе бандаро ба корҳои ифлоси хеш ҷалб намуданист, бехабар аз он ки банда як моҳ боз то ба зону дар ин ифлосӣ ғўтидаам. Мегўянд, ки ғулом дар хоб озодӣ мебинад ва ман акнун чун ғуломам. Моҳе пештар парвои дунё надоштам, ҳоло бошад…
Шояд ҳоло ки дер нашудааст, автоматро ба галабон баргардонида диҳам. Ин ягона роҳи ҳали дурусти кор аст. Не, агар автоматро баргардонам гуноҳи он роҳзанро чи тавр метавонам собит намоям, модоме аллакай медонам, ки Абдуллои Хокироҳ чи тавр онро ба даст овардааст…
Рафту агар автоматро насупорам чӣ, дар он сурат дер ё зуд гум будани онро дар милиса мефаҳманд ва аз ду сар соҳиби он хоҳад гуфт, ки автомат дар кадом ҳолат гум шудааст ва ҳоло дар дасти кист. Аз ду сар калид ва автомат ин далелҳои раднашавандае мебошанд, ки бандаро бо мақтул мепайвандад.
Худоё чӣ бояд кард?
… 32 …

– Ҳоло ҳамин хел гўй, ки ба Сангвор азми сафар дорӣ.
– Бале.
– Ба зиёрати дўсти Худо.
– Насиб.
– Ба ҷуз зиёрати дўсти Худо боз ягон кори дигаратон ҳам ҳаст.
– Ҳаст.
– Агар аз манзили хеш ба мақсади зиёрати мақбараи дўсти Худо хеста бошед, иншоолоҳ ҳама корҳоятон нағз мешаванд.
– Иншоолоҳ.
Автомашинаи «ГАЗ–53» бо тамоми суръат ҳамворӣ ва даштҳои Файзободро ба қафо гузошта, ба пеш ҳаракат дошт.
Ронанда, ки марди тахминан шаст шастудусолаи риши кўтоҳ дошта буд, аз суҳбат бо чунин ҳамсафари камгап хомўширо алво дониста, тамоми ҳушу ёди хешро ба роҳ дод.

пешина
аз 558
навбатӣ