Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Дар сари Абдумаҷидов воқеаҳои се – чор рўзи охир чарх мезаданд.
… Аз вақти суҳбаташ бо Дунёи Хокироҳ чор рўзи расо сипарӣ шуд. Дар ин муддат ў имконияти пурра ёфт, ки бо собиқ ҳамсабақи Дунё – Амонуллои Султон вохўрда, дар бораи мақтул каме ҳам бошад маълумот ба даст оварад. Ҳамчунин Амонуллои Султон ба ў тавсия дод, ки дар кадом деҳаҳо бо кӣ вохўрад. Ҳамаи ин аслан ба манфиати кор буд ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба анҷоми неки он боварӣ дошт. Дирўз Воҳид Камол ўро дар пешайвони бинои милиса дида, фаҳмидан хост, ки бо кадом сабаб сафари хешро ба таъхир андохтааст ва чун фаҳмид, асли воқеаро гуфт:
– Кўр – кўрона амал кардан натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, ҳамон тарзе рафтор намо, ки аз оқибати кирдори хеш пушаймон нашавӣ. Дирўз бегоҳӣ Амонуллои Султон худ ба милиса омад. Не, ўро ба милиса даъват накарданд, ҳамин хел собиқ ҳамсабақаш Дунёи Хокироҳ ба ў гўшрас намудааст, ки ваколатдори кофтукови ҷиноятии ШКД–и ноҳияи Гулистон майори милиса Абдумаҷидов ўро дидан мехоҳад. Шояд Дунёи Хокироҳ ҳангоми суҳбати дусоатаи дар прокуратура доштааш аз ҳамсабақаш хоҳиш намудааст, ки як сари қадам Абдумаҷидовро бубинад. Гапи бисёр ба хар бор гуфтанд. Ҳар чанд он рўз дар прокуратура Абдумаҷидов гапи зиёд нагуфт, вале мусоҳибаш дарк кард, ки маҳз ҳамин шахс метавонад гиреҳи муаммои марги бародарашро кушояд. Дирўз бегоҳӣ вақте Амонуллои Султон рухсат пурсида, вориди утоқи кории ў гашт баъди худро муаррифӣ намудан гуфт, ки бо хоҳиши Дунёи Хокироҳ ба назди вай омадааст. Маълум шуд, ки Амонулло ҳамроҳи Дунё ҷисми беҷони Абдуллоро ба зодгоҳаш Самарқанд бурда, ба хок супорида пас гаштааст. Ба суоли он ки чаро Амонулло ин қадар тез аз Самарқанд баргашт, мусоҳибаш ҷавоб дод, ки як рўзи баҳор пур кунад анбор. Дар ин суханони кўтоҳ чӣ қадар маънӣ ниҳон буд ва ҳар кӣ боре аз шуғли деҳқонӣ нон хурдааст, чи будани як рўзи баҳорро медонад. Маҳз ҳамин суханони аз таҳти дил гуфтаи Амонулло сабаб шуду Абдумаҷидов бо ў суҳбат кард. Ҳар он чи ки ў шунид, аз ҳақиқат заррае дур набуд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор