Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Аслан мо асрори ин воқеаро донистан мехостем, – аз суханони бепарвоёнаи ҳамсари маҳрум худро қариб гум карда гуфт Сорбони Ҳомид.
– Чияш нофаҳмо?
– Ҳамааш.
– Хайр чӣ, гирифтанду парронданд…
Аз ин суханон Сорбони Ҳомид худро боз ҳам ноҳинҷортар ҳис кард, мисли оне, ки ба сараш оби хунук рехта бошанд. Нисбат ба шахси фавтида ҳатто душмани кас ҳам ҷуръати чунин суханонро гуфтан намекунад, ин кас бошад…
– Мурдан амри ҳақ аст, вале ман шуморо ҳеҷ нафаҳмида истодам.
– Ин кор дер ё зуд бояд рух медод, ман медонам.
– Чиро медонед? – гап занед.
– Магар аз гуфтани ман дигар суде ҳаст?
– Намедонам, вале шумо аз рўйи қарзи шаҳрвандии хеш бояд ба тафтишот ёрӣ диҳед.
– Ёрӣ мегўед? Магар аз ин барои ман нафъе ҳаст?
– Наход кас аз марги ҳамсари хеш манфиат ҷўяд. Беҳтар мешуд, ки мо дар бораи ҳама гуна нафъу суд дар ҳамин ҷо нуқта мегузоштем, вагарна ман гумон мекунам, ки дар марги шавҳаратон худи шумо манфиатдор будед ва ў маҳз бо амри шумо ба ҳалокат расонида шудааст.
– Шумо чӣ гумон мекунед барои ман аҳамият надорад.
Муҳимаш он ки банда дар ин кор даст надорам ва он чӣ ки ба сари ў омад боиси таассуфи ман нест.
– Чаро ин хел мегўед ва ҳамаи ин бадбиниатонро сабаб чист?
– Ана акнун ба сари мақсад омадед.
– Шуморо гўш мекунам.
– Ин қисса ниҳоят дароз аст. Агар имконият медоштам ман ҳаргиз ба оташи вуҷуди хеш равған намепошидам, вале мебинам, ки чунин имконият нест…
То замони табаддулоти бузург (даргириҳои сиёсии солҳои навадуми асри ХХ дар назар аст) мо бо ў ҳамдеҳа будем. Ҳарчанд ҳамсоя ҳам набошем, вале бо гуноҳи хоҳари ў ва бародари калони ман сояи авлоди якдигарро аз девор метарошидем.
Шумо маро мефаҳмед?
– Ҳа, кам – кам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё