Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Замонов дигар ҳарфе ба забон наоварда пас гашт ва Сорбони Ҳомид ба ошёнаи дуюм ҳаракат кард.
Капитани милиса вориди дафтари кориаш шуда даст ба тугмачаи радио бурд. То ҳанўз радиои ҷумҳуриявӣ ба барномаҳои субҳгоҳии хеш оғоз накарда буд. Соати деворӣ бошад ду рўз боз кор намекард. Сорбони Ҳомид гўшаки телефонии дохилиро бардошт.
– Ёрдамчии навбатдор сержанти милиса Замонов.
– Соат чанд? – бе ягон салому пайёми дигар пурсид ў.
– Панҷу бистуду дақиқа, – гўён Замонов ҳам гўшакро ба ҷояш гузошт.
– Ҳарчанд барои зимистон ин вақт қариб, ки шаб аст, вале Сорбони Ҳомид дигар майли истироҳат ҳам надошт. Ў аз ҷевон китоби моҷаронависи япон Сэйтё Матсумото «Девори чашм»– ро ба даст гирифт ва ба мутоила пардохт. Китоби мазкур аз ду роман иборат буд ва аз рўйи тартиб сараввал романи «Дар соя»
ҷой дода шуда буд. Сорбони Ҳомид ду рўз боз саргарми мутоилаи ин китоб буд. Ў мехост донад, ки ҷустуҷўйҳои суратгир Тасиро Рискэ бо чӣ меанҷомад… То кунун ў то ҳамон ҷойе хонда буд, ки ғоратгарон шабона ба ҷуз манзили ў боз ҷойи корашро ҳам чаппаву роста карда буданд. Ба кадом мақсад?
Ана ҳаминро капитани милиса Сорбони Ҳомид донистан мехост ва на танҳо инро…
Ним соат пеш аз оғози кор капитани милиса Сорбони Ҳомид Тасиро Рикасэ–ро бо дарду ғами хеш гузошт…
Мисли оне ки Тасиро аз асрори он хонуме, ки аз тайёра қаторкўҳҳои Фуздиро ба навор гирифта буд, нияти огоҳ шудан дошт хонандаи китоб асрори хонадони Розиқ Амон ва ҳамсари сангдили ў Гулбаргро донистан мехост…
Сорбони Ҳомид ба ошёнаи шашум баромад. Дарро ба рўйи ў худи соҳибхона кушод.
– Ман аз милиса, – дигарбора худро муаррифӣ намуд Сорбони Ҳомид.
– Марҳамат гузаред.
Сорбони Ҳомид вориди хона гашт. Соҳибхона дар рў ба рўяш нишаста гуфт:
– Гўшам ба шумо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё