Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Сабаб.
– Сари субҳ ба истиқболи хуршед рафтан ва бегоҳи вақте ки аз минтақаи Файзобод ба ғуруби офтоб дар болои Душанбе менигарӣ як манзараи аҷиберо мебинӣ.
– Акнун бовар мекунам. Манзараи ғуруби офтобро дар фазои Душанбе маҳз аз ҳамин минтақа тамошо кардан ба кас ҳаловат мебахшад.
Автомашина бо суръат боди серуни Файзободро ду ним намуда, ба пеш ҳаракат дошт. Ронанда тамоми ҳушу ёди хеш боз ба роҳ дода, ҳамсафарашро лаҳзае бошад байни андешаҳои хеш гузошт.
… Шояд Дунёи Хокироҳ дар дохили қатора то Самарқанд дарди дили хеш ба ҳамсабақаш кушода дод, то ки дар ин роҳи дур дигар ўро ҳар рўз сарсону саргардон нанамоянд. Шояд ў Амонуллои Султонро аз номи худ ҳамчун вакил ба милиса фиристод, то ба рўзгори бародараш рушанӣ андозад. Шояд Амонулло худ аз рўзгори Абдулло бохабар буд, вале инаш он қадар муҳим ҳам набуд, муҳим он буд, ки сабабҳои сар задани ҳодисаро муайян намуда, котилони ўро ёфта ба ҷавобгарӣ кашанд.
Амонулои Султон аслан волидайни Дунё ва Абдуллоро ниҳоят таърифу тавсиф кард. Волидайни онҳо хуб буданд ё бад дар ҳодисаи мазкур нақши ҳалкунандаро намебозид, чунки ҳарду ҳам кайҳо дар қайди ҳаёт набуданд ва агар зинда ҳам мебуданд ҳодисаи ба сари фарзандашон омадаро пешгирӣ карда наметавонистанд, чунки аз рўзи аввали ба олами ҳастӣ омадани фарзанд ўро эркатулфори хонадон намуданд, ва ба гўшаи хотир наоварданд, ки фарзанд азиз одобаш аз вай азизтар аст.
–Шояд онҳо ба гўшаи хотир наоварда буданд, ки:
Хишти аввал чун ниҳад меъмори каҷ,
То ба охир меравад девори каҷ.
Дунёи Хокироҳ хулқу атволи бародарро нағз медонист ва зимистон баъди вохўрӣ бо бародар ба собиқ ҳамсабақ гуфтааст, ки Амонулло ба гумон аст, ки ман дигар Абдуллоро бубинам, пас чаро дар рафти суҳбати онрўза дар прокуратура ў аз бародар фаришта тарошид, чаро?
Маҳз ҳамин ҳолат то кунун ўро ором намегузорад, чаро?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор