Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Боди серун боз ба рўяш зад ва ў сухани бобояшро (рўҳаш шоду ҷояш ҷанат бод) ба ёд овард.
– Акбаршоҳ, мағзи донакам, охир, ки гуфтааст, ки дўғи ман туруш аст.
Ҳақ ба ҷониби мўйсафед будааст. Он чи ки чанд рўз пеш Дунё нисбат ба бародар гуфт, баҳри тасалии дили хеш гуфт.
Дигар чизро ҳам дар ҳамон ҳолат аз ў интизор шудан номумкин буд. Чун ба худ омадаву ба тақдир тан додаст, ин бори гарон аз души хеш партофтааст, чунки ў нағз фаҳмидааст, ки «дурўғгўйӣ торикии имон аст»…
Дунё гуфтааст, ки танҳо баъди ду соли аз донишгоҳ хориҷ кардани Абдулло онҳо аз ин кор хабардор шудаанд. Маҳз дар ҳамин ду соли оворагардиҳо ў ба гурўҳҳои маҳалгароӣ дар Москав амалкунанда ҳароҳ шуда, нисбат ба поймол шудани ҳуқуқи миллати хеш дар ватанаш овоз баланд намудааст. Ин рафтораш дар сухан барои чашмбандии ҳаммиллатон, вале дар амал ғуломи нафси хеш гашта, ҳамроҳи чанд нафар дўстонаш ба фиребу ғорати ҳаммиллатони худ даст задааст.
Ин миллатгаро чун аз бенизомиҳои Тоҷикистон хабар ёфт, чун патриоти миллат ба ёрии ҳамзабони хеш шитобида, ба ҷойи саҳм гузоштан дар сулҳу субот баръакс ҳамроҳи гурўҳи мусаллаҳе алангаи оташро зиёдтар намуд. Ва ин ҷо Абдумаҷидов сухане аз худ илов накарда, танҳо суҳбати дирўзаи хешро бо Амонуллои Султон, ки то вохўрӣ бо Дунё дар дигар ақида будааст, ба ёд овард. Шояд Дунё ҳамаи ин саргузашти бародарро чун тавба аз номи худи бародар ба забон овардааст.
Рафтори Дунё ба ҳеҷ як чорчўбаи зиндагӣ рост намеомад, вале кӣ дидааст зиндагиро дар як чаҳорўуба…
Автомашина суръаташро суст кард ва Абдумаҷидов аз байни андешаҳои хеш берун омада, аз ронанда сабаби ин ҳолро пурсид.
– Ба фикрам бензин тамом шуд,– гўён ронанда автомашинаро ба канори роҳ бароварда маън кард…
То аз ташхиси техникӣ гузаронидани автомашина Абдумаҷидов паҳлуи роҳ баромада, пешу қафо қадам зад.
– Биё рафтем,– гуфт ронанда ва ў боз ба тарафи автомашина ҳаракат намуд.
Қарибиҳои намози шом автомашина то кўпруки Дашти шер омад. Ў бо ронанда, ки азми сафари Бадахшон дошт, хайрухуш намуда худ ба тарафи дигари роҳ гузашта омадани нақлиётро интизор шуд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор