Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз вазифа дўсти наздикаш, ки ба қавли худаш зери як кўрпа калон шуда буданд, чун бод парида рафт ва ў ҳатто ягон чорае дида натавонист, ки пеши роҳи ин корро гирад. Аз ин рў, аз сарпарасти хеш дар боло хоҳиш намуд, ҳамин хел хоҳиши даҳонӣ, ки масъалаи минбаъд дар вазифа мондани шахсеро, ки худи системаро дар маҷлис ба зери танқид гирифтааст бубинад…
Чун аз боло ба вазир занг заданд, ўро ба ҷуз иҷрои супориш дигар чорае намонда буд, ҳарчанд худ ба бегуноҳии Воҳид Камол боварӣ дошт. Аз ин рў, гурўҳҳи махсусе ташкил намуданд ва вазир аз ҳамон марди зангзананда хоҳиш кард, ки метавонад нафареро аз кормандонаш ба ҳайати гурўҳҳи ташкил намудаи вазорат дохил намояд, то он кас бо чашми хеш рафта бубинад, ки корҳо на ба он дараҷае баданд, ки раиси ноҳияи Гулистон аз ҳукумат имдод хостааст.
– Аз куҷо гирифтед, ки раиси ноҳия шикоят намудааст, пурсид ҳамон марди ба вазир зангзананда.
– Ин бори якум нест, дар аввали моҳ ў як бор аллакай ба ҳукумат занг зада, аз болои Воҳид Камол ба сардори шуъбаи маъмурии ҳукумат арз намуда буд ва чун дид, ки чорае наандешиданд, ин даъфа шумо Салом Каримовичро ёд намудааст.
Модоме ки Мустафоев ба таври хаттӣ аз болои Воҳид Камол нанавиштааст, пас ин ҳаракатҳои ўро ба ҷуз зарба аз пушт, ки аслан ин кори ноҷавонмардон аст, дигар хел арзёбӣ кардан нашояд.
– Ман бовар кардам, метавонед ҳисоб кунед, ки банда занг ҳам назадаам.
– Салом Каримович хуб мешуд, ки мо фаъолияти кории Воҳид Камолро санҷида мебаромадем, дар он сурат шояд раиси ноҳия ба болоҳо зангзаниро бас намояд. Он чи ки Воҳид Камол ба ў маъқул нест, ин маънии онро надорад, ки ў роҳбарӣ бад аст.
– Ман розӣ.
– Ана ҳамин хел, ин гурўҳи салоҳиятдор ба фаъолияти хеш шурўъ кард ва ҳатто ба маҷлиси ҷамъбастии хеш раиси ноҳияро даъват намуд, то камбудии худро фаҳмаду беасос аз болои дигарон арз накунад. Шояд раис сухане ҳам гуфтанӣ буд, вале фаҳмид, ки ин даъфа ҳам тираш хок хўрд ба забон об гирифт.
Охир ў аз замони шуравӣ дар сиёсат обутоб ёфта буд ва дар куҷо чи гуфтанашро медонист.

пешина
аз 558
навбатӣ