Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Нахост муносибати бадбинонаи худро нисбат ба Воҳид Камол дар ҳузури намояндаи ҳукумат ошкор созад. Агар рафту ҳайати комиссияи босалоҳият Воҳид Камолро ба зери танқид мегирифтанд, ў чи гуфтанашро медонист…
Баръакси раиси ноҳия худи Аъзам Ғаниевич, ки мардум ўро Мюллер ҳам мегуфтанд оид ба қонуну қонуният ва ҳурмату эҳтироми ҳамдигарӣ дар коллектив хело ҳарф зад. Дар рафти баромади пурмутҳавояш нохост бошад ва ё ҳамин хел дар омади гап ёдовар шуд, ки дирўз ў худ вақте бо Бобо Забир оид ба аризааш аз болои Воҳид Камол ҳамсуҳбат шуд, аризадиҳанда гуфт, ки ў фирефтаи суханони дигар кас гаштааст ва ҳоло бошад нисбат ба Воҳид Камол ягон даъвое надорад. Хайрият, ман худам Бобо Забирро ба прокуратура даъват намуда, суҳбат намудам вагарна кӣ медонад…
Прокурор дар ҳамин ҷо каме ист намуда, ба тарафи аҳли нишасти дар толор буда нигарист ва чун дид, ки ҳама ҳушу гўш ба тарафи ў додаанд, суханашро давом дода қайд намуд:
– Аҷаб замонае шудааст, ба зердаст овардани салларо фармойӣ ў онро бо калла якҷоя ба наздат меорад. Ҳарчанд прокурор нагуфт, ки он зердаст кист, вале нишастагон ҳама фаҳмиданд, ки ў муфаттиши прокуратура Гурезовро дар назар дорад.
Ана, аз куҷо гирифтааст ин тахаллуси хешро баҳри амон монанди сари хеш зердасташро ҳам фурухт. Мисли оне ки Мюллер дар охири ҷанг ягона фарзанди худ Гансро рўйирост ба фронти шарқӣ фиристод. Маълум ки Аъзам Ғаниевич ҳамеша ба рафти ҷараёни об бел мезанад…
Баъди анҷоми маҷлис ва гусели намояндагон Воҳид Камол ба утоқи кориаш баргашта, ғайри ихтиёр аз ғаладони мизи кориаш чилим ба даст гирифта, онро ба лаб бурда гўгирд зад. Дар зери фаввораи дуди чилим ў сари баромади прокурор хеле андеша кард. Ё тавба, чӣ хел замин чунин фардҳоро бардоштааст.
Ў ба ёд овард субҳи рўзи 5–май аз вазорат баргаштанашро ки дар қабулгоҳ муфаттиши прокуратура Гурезов ўро интизорӣ мекашид. Шояд агар ў то бегоҳ ҳам намеомад Гурезов қабулгоҳи сардори ШКД–ро тарк намекард, чунки ў супориш дошт.
Имрўз бошад супоришдиҳанда дар назди гурўҳи корӣ аз қонуну қонуният ва эҳтироми ҳамдигарӣ гап зада, ҳато бешармона зердасташро фурўхт. Эҳ, Мюллер, Мюллер, ҳаркӣ ин тахаллуси хубро баҳрат гузоштааст, шояд як пуд намакро ҳамроҳат истеъмол карда будааст ва ҳазорон бор бар гузаштагонаш раҳмат…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор