Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– О ман аз куҷо донам…
– Ана акнун ёбу гир…
– Ба ростӣ Шодӣ ҷун дар либоси сабз буд.
– Ҳа.
– Либоси сабз хуб аст. Модоме Шодӣ ҷун дар либоси сабз будааст… Кампир бо нуги рўймолаш ашки чашмонашро пок кард.
Мўйсафед офтобаро гирифта, барои таҳорат рафт…
То нисфирўзӣ мўйсафед дар байни андешаҳои хеш ғўтта зад. Тайи чанд соли охир ў дар орзуи он буд, ки ақаллан як бор ҳам симои ҷигарбандашро дар хоб бубинад.
– Чӣ гап шуда бошад?– меандешид мўйсафед.
Суман аз мактаб қоғазе дар даст баргашта, ба дасти бобояш дод.
– Ин чӣ.
– Инро дар роҳ вай амаки милиса дода гуфт, ки ба бобоят деҳ.
– Кадом милиса.
– О ҳамон милисае, ки доимо дар қишлоқ мегардад– ку.
Мўйсафед ба қоғаз зеҳн монда, қариб ҳарфҳоро надид, хост ба Суман гўяд, ки айнакамро биёр, вале чизе ба ёдаш заду қоғазро ба дасти набера дода гуфт, ки хонад.
– Суман дар як мижа задан қоғазро хонд. Аз он чи ки хонд Гул Набӣ ҳамин қадарро фаҳмид, ки ў бояд ба прокуратураи ноҳия назди муфаттиш Атоев ҳозир мешудааст.
– Оббо,– оҳи сарде кашида лаби кат нишаста гуфт мўйсафед.
– Ба шумо чи шуд бобоҷон?– авзои беҷойи мўйсафедро дида пурсид Суман.
– Ҳеҷ гап не, як пиёла об биёр.
Чун Суман баҳри об рафт, мўйсафед ба ёд овард, ки чи тавр роҳзанро дар як зарба ба ҷаҳанам фиристод ва оқибат сирраш фош шудаасту ўро ба прокуратура даъват намудаанд.
Эҳтимол он ронанда ҳамаашро қоил шудааст. Муҳимаш, ки ба ў гап нарасад. Ман бошам умри хеш хурдам ва акнун дар зиндон ҷон хоҳам дод. Ҳайф, ки номи Шодӣ ҷуна зинда карда натавонистам. Дигар аз дасти мани мўйсафед чӣ ҳам меояд?
Фардо чун маро ба маҳкама кашанд, хешу ақрабои Икроми Қаландар қарсак хоҳанд зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор