Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ана об бобоҷон,– гуфт Суман пиёларо ба дасти мўйсафед дода.
– Худо умри обро диҳадат,– обро то қатраи охирин нўшида пиёларо ба дасти набера дода гуфт мўйсафед.
Азбаски мўйсафедро субҳи рўзи 18 май ба прокуратура даъват намуда буданд ва то он рўз боз чилуҳашт соат аниқтараш чил соат вақт буд, мўйсафед қарор дод ки субҳи рўзи 18 май баъди намози бомдод сирри дар дил нуҳуфтаашро бо кампираш ошкор сохта, сипас ҳар чи бодо бод гуфта, ба прокуратура меравад.
Мўйсафед аз он хурсанд буд, ки ҳафтаи гузашта, як сар гўсфандро фурўхта, қарзҳояшро бо мардум ҳисобӣ карда буд.
Акнун ўро фикре ба сар омад, ки дар ҳамин зиндагиаш бо дасти хеш оши худоияшро ҳам диҳад. Аз ин рў, аз лаби кат бархеста вориди хона шуд. Кампири Анор, ки айнак дар чашм баҳри набера курта медўхт аз вориди хона шудани мўйсафед ҳатто хабар наёфт. Гул Набӣ маҷбур шуд, ки оқибат гулў рўшан намояд ва аз ин амали ў ҳамсараш ҳатто як қад парид.
– Чӣ гап шуд?– авзои парешони мўйсафедро дида пурсид кампир.
– Занак агар ҳамон говро кушта ба мардум як даҳон нон диҳем чӣ?
– Боз чӣ гап шуд?
– Ҳеҷ гап нашудааст, вале чанд вақт боз як даҳон нон ба мардум надодаем.
– Барои як даҳон нон шуда ҳатман говро куштан даркор, агар гўсфанд кушем чӣ?
– Гўсфанд ҳам нағзу, вале гов беҳтар.
– Охири мо тўй надошта бошем, ягон маъракаи калон надиҳем,магар шарт аст говро куштан?
– Шарт аст.
– Модоме ки чунин зарурият бошад ман зид не, то ҳафтаи дигар ба ман муҳлат деҳ, баъзе каму камбудиҳои рўзгорро ҷо ба ҷо намоям.
– Не, ҳафтаи оянда дер мешавад. Худи ҳозир аз пайи ин кор шудан лозим. Фардо бегоҳ дар масҷиди деҳа ба мардум як даҳон нон диҳем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор