Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ман гуфтам, ки бори охирон дар аввалҳои моҳи апрел буд. Ин суханони ман ўро қаноат кунонида натавонистанд ва гуфт, ки аниқтарашро гўям, вале ман чи хеле рафиқони рус мегўянд, бум–бум…
– Хайр худат–ку милисаро медонӣ, ду пойро дар як мўза андохта хоҳиш намуд, ки ақаллан ягон ҳолати ҳамон рўзро мисли ҳаво чӣ хел буд? Дар осмон абр буд, ё не ва амсоли инро ба ёд биёрам. Ва ман ба ёд оварда гуфтам, ки як рўз пас аз оне ки Абдуллоро дидам, кампири Иқбол бандагӣ кард. Он милисаи шаҳрӣ худи ҳамон ҳолат лейтенанти милиса Давлатхўҷаи Маҳмадро фиристод, то рафта муайян намояд, ки кампири Иқбол кай дунёи фониро тарк кардааст. Баъди ним соат он кас аз ҷамоат нусхаи шаҳодатномаи вафоти кампирро оварда ба дасти милисаи шаҳрӣ дода гуфт, ки кампир рўзи 13 апрел аз олам даргузаштааст. Он милиса аз ман нишондоди муфассал гирифта, санаи бори охирон дидани Абдуллои Хокироҳро пурсид. Ман гуфтам, ки бори охирон марди самарқандиро рўзи 12 апрел баъди нисфирўзӣ дидам.
Он кас гуфтанд, ки агар баъди нисфирўзӣ дида бошӣ, аздусар ў дар ҳамин маҳал ба қатл расонида шудааст.
– Ба ростӣ ман эътироз намудам, вале ҳамон милисаи шаҳрӣ гуфт, ки дар асоси хулосаи экспертизаи тиббӣ– судӣ Абдуллои Хокироҳ шаби 12 ба 13 апрел ба қатл расонида шудааст.
– Он милисаи шаҳрӣ ҳарчи хост гуфтааст. О гуфтӣ– ку мақтулро субҳи рўзи 26 апрел аз соҳили дарёи Сароб ёфтаанд.
– Гуфтам.
– Пас онҳо аз куҷо медонанд, ки Абдуллои Хокироҳ кай ба қатл расонида шудааст?
– Чи гумон кардӣ, ки ман хап кардам. Ман ҳам эътироз намудам, вале он милисаи шаҳрӣ бо як мулоимӣ ба ман фаҳмонда дод, ки илми тиб то ба дараҷае тараққӣ намудааст, ки на танҳо рўз балки соаташро бо плюсу минус як – ду соат аниқ гуфта метавонад.
– Эй сода вай туро ба нишон гирифтагӣ ва худат ҳар чи донисти лақидан гирифтӣ, о намешуд, ки ҳамон марги кампири Иқболро ба ёд набиёрӣ.
– Чӣ ҷойи пинҳон намудан, мо– ку ўро накуштаем, ё ту…
– Ту чӣ, девона шудаӣ, ки аз ман гумонбар мешавӣ. Дар кадом асос ман ўро мекуштам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор