Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Хайр бубахш, ҳамин хел дар омади гап гуфтам.
– Дар омади гап, дар омади гап, эй Худо бигира худатаву ҳаму дар омади гапатро ҳам, ба фикрам майнаат осеб дидагист ва ё девонаи тапа тайёр шудаӣ.
– Ба ман даъватнома доданд.
– Чӣ хел даъватнома, чӣ боз ба аскарӣ меравӣ?
– Худат сода будаӣ Қосим, синну соли ману ту аз вақти аскаргирӣ гузаштагӣ. Дар он солҳои задухўрд аз қафои галаю рама давида, ҷони хешро аз аскарӣ халос кардем. Дигар мо ба кӣ даркор.
– Ба кӣ, ба кӣ, боз даҳонат тасп нагирифта бошаду ба ҳамон милисаи шаҳрӣ дар ин бора ҳам лақида бошӣ. Туро– ку намедонам, вале банда барои гирифтани билети ҳарбӣ се асп додам.
– О ман бист гўсфанд додам хапам –ку.
– Ту ба кӣ бист гўсфанд додӣ?
– Чи хел ба кӣ? Ба духтур, ба ҳамон аъзоёни комиссияе, ки билети ҳарбӣ медиҳанд.
– Хайр, биё ин гапҳоро мон. Дар бораи ман ба он милисаи шаҳрият ягон гап назадӣ?
– Гуфтам, ки ҳамон рўзи 12 апрел аз хаймаи галабонҳо ба хаймаи мо омад ва дар нимаи дуюми рўз аз хаймаи ман баромада, ба тарафи кўҳ рафт.
– Гуфтӣ, ки ба тарафи кўҳ рафт ё ба тарафи хаймаи ман?
– Ба фикрам ба тарафи кўҳ гуфтам.
– Аниқ ё ба фикрат.
– Рост ҳамаш ҳоло дар ёдам нест, вале ҳамон милисаи шаҳрӣ ҳамаро навишта гирифт ва ман имзо намудам. Сонӣ ба ман даъватнома навишта дод, ки рўзи 19 май соати 10 субҳ ба ноҳияи ШКД–и Гулистон наздашон равам. Барои ҳамин туро дар поёни дара дида, ба сари чашма омадам. Намедонам чаро як моҳи охир худат аз ман канораҷўӣ мекунӣ?
– Корам наафтад куҷо биёям?
– Хайр гўй ки ман чи кор кунам? рафту маро дар милиса маҳкам кунанд чӣ.
– Кӣ гуфт, ки туро маҳкам мекунанд.
– Охир маро ҷеғ заданд– ку.
– Ҷеғ заданд, ҷеғ задан гиранд, гўй ки ҳеҷ чизро надидам, намедонам.

пешина
аз 558
навбатӣ