Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ин ба гуфтан осон. Милиса тарзе мепурсадат, ки худат намефаҳмӣ ки чӣ гуфтӣ?
– Фаромўш накун, ки «забон дар даҳон посбони сар аст».
– Медонам.
– Хайр ки медониста бошӣ нағз. Акнун ҳисоб кун на он рўз ва на имрўз маро надидӣ?
– Чӣ хел надидам о, ҳамон шабе, ки ба суроғи Абдулло омадӣ, дар хайма ба ғайр аз ман боз ду каси дигар ҳам буданд.
Рафту онҳоро пурсанд. Медонӣ милиса дар асоси қонун барои ба саволҳояш ҷавоб надодан ё додани нишондоди бардурўғ аввал огоҳат мекунад, имзоятро мегирад, сипас ба пурсиш сар мекунад.
– Милиса фолбин нест, ки ҳамаро донад худатро ба даст гиру гапи зиёдати нагў гўён галабон аспро қамчин зада аз назди чашма дур шуд…
– Чўпон Назрӣ Раҷаб аз қафои ў то аз назар ғоиб шуданаш нигариста, сипас, лаби чашма сари по нишаста, бо кафаш як панҷа об гирифта нўшид. Ў ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки кори дуруст шуд, ки бо Қосим Асад вохўрд ва ё не. Ниҳоят ў ба машк11 об гирифта, болои хар партофта ба роҳ даромад. Аз сари ёла ҳам ҳарчанд назора кард аз Қосим Асад нишоне надид…
Галлабон Қосими Асад баробари аз паҳлуи ёла гузаштан чизе ба ёдаш омаду самти ҳаракаташро дигар кард. Ў ки худ аз деҳа омада буду бояд ба сари гала мерафт ба ёд овард, ки он ду қуттии тирро дар хона монда буд ва агар рафту ҳодисае рух диҳаду милиса хонаашро кобад аз ду сар тирҳоро ёфта, сабаби аз куҷо пайдошавиашро хоҳад пурсид. Бинобар ин ў на ба тарафи хаймааш, балки боз ба тарафи деҳ ҳаракат кард.
Ба гапи Самандари Сармад гўш дода боз ду маротиба ба хонаи он ронанда рафт, вале ўро наёфт. Ҳамсараш гуфт, ки ба Бадахшон рафтааст. Магар шарт буд баъди ин боз назди Самандари Сармад рафтан? Набуд, набуд… Чун дўсти милисааш аз дидбонгоҳи БДА китоби қайди автомашинаҳои аз роҳ гузаштаро талаб карда дид, ки автомашинаи «Камаз» 73–18 аз роҳ нагузаштааст, гуфт ки ҳамсари Тўйчӣ Ҷалол дурўғ гуфтааст ва аз нав ўро ба гуфтушунид фиристод. Оҳ, кошкӣ ба гапи дўсти милисааш гўш намедоду намерафт. Ҳамсари ронанда ўро қариб беобрў карда буд. Гўшҳояшро дошту аз он манзил гурехт…

пешина
аз 558
навбатӣ