Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Гуфт, ки шавҳарат ба Бадахшон рафтагӣ нест. Суханҳои сермурчу қаламфурашро рўзи дуюми омаданаш гуфт. Чӣ хеле гуфтам, вай гуфт, ки шавҳарат ба Бадахшон рафтагӣ нест ва он чи ки ў аз ман пинҳон мешавад, ин танҳо бар зарари худи ўст.
Ҳатто таъқид кард, ки ман ба худат расонам, ки дўсти ў нисбат ба худат ягон бадбиние надорад. Дар ҳолати ҳалу фасл шудани корҳо ў ҳеҷ гоҳ баҳри озор додани худат қадаме ба пеш нахоҳад гузошт.
– Ва барои ҳамин қадар гап шуда, худат ўро ранҷонидӣ?
– Чӣ барои ин гапҳояш давида ўро буса мекардам,– талх карда гуфт зан.
– Шарму ҳаё зинати зан аст, беандеша сухан нагўй.
– Ман ҳайронам, ки чаро худат сирри дилатро аз ман пинҳон медорӣ? Агар худат назди он мардаки шилқин ва дўсти ў забонкўтоҳ набошӣ, чаро рафта онҳоро ба ҷояшон намешинондӣ? Рафту агар аз онҳо қарздор бошӣ гап зан, вагарна чун як рўзи дигар аз кор биёӣ маро нахоҳӣ ёфт.
– Ту чи маро тарк карда рафтаниӣ?
– Саволат беҷост. Худат нағз бояд фаҳмӣ оне, ки ба талаби қарзаш меояду худат аз ў гурехта мегардӣ ҳуқуқи дорад, ки то баргардонидани қарз занатро чун ғулом ба гарав барад. Шарму ҳаё магўйӣ, магар хуб аст, ки дар набуданат кадом як марди шилқине ду маротиба ба суроғат биёяду боз бо ҳамсарат хархаша намояд. Магар гуфтанӣ нестӣ, ки аз хафа кардани ў ҳамроҳаш мерафтам беҳтар буд?
– Хомўш шав беҳаё,– гўён Тўйчӣ Ҷалол беихтиёр торсакии обдоре ба бари рўйи ҳамсар зад. – Хомўш шав мегўйӣ? – Майлаш, ана ман ба даҳон об гирифтам, вале ин магар ҳали кор аст.
Оё гуфта метавонӣ, ки ту назди он марди шилқин ва дўсти ў чи гуноҳ дорӣ?
…
– Хуш гап зан, чаро хомўшӣ? Магар месазад, ки аз ҳамсари хеш сирри дил паноҳ дорӣ? Гумон дорӣ, ки то қиёмат сират нуҳуфта мемонад?
– Не ман ҳеҷ гумон надорам ва аз касе ҳам қарздор нестам.
– Кошкӣ ҳамин хел бошад,– гўён Лола ба ошхона рафт. Ў фаҳмид, ки бо шавҳар баҳс намудан дар ҳоле ки ў сару калобаашро гум намудаасту дўстро аз душман фарқ карда наметавонад фоида надорад. Аз чӣ бошад, ки Лола ҳам чун ҳама занҳои дунё дар ҳамон ақида аст, ки роҳ ба дили шавҳар аз меъдаи ў сар мешавад ва агар мард гурусна бошад, ў бабри жаёнро монад.

пешина
аз 558
навбатӣ