Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо бабр бозӣ кардан ҳамеша хатарнок аст…
Тўйчӣ Ҷалол лаҳзае дар танҳоӣ сари баҳси ҳозираш андеша намуда, ба хулосае омад, ки мазаро аз қаля гузаронд, вале сир бой надода вориди хонаи хоб гашта, бо Зафарҷон, ки дар гаҳвора дастак мезад, машғули суҳбат гашт.
Лола дастурхон густурда, пеши шавҳар хўрок монд ва аз забони Зафарҷон ўро барои ба дастархон нигаристан таклиф кард.
Тўйчӣ Ҷалол нон шикаста даст ба таом бурд. Лола хомўшии шавҳарро дида, аз забони худи Зафарҷон сухан гуфта, ўро ба гап даровардан мехост, лекин мард мисли оне ки дар даҳон об гирифта бошад, хомўширо ихтиёр карда буд…
Чӣ ҳам мегуфт ў? Фаҳмид, ки ҳамсар гуноҳе надорад. Ҳарчи гуфт ба манфиати оила гуфт. Ў бошад мушт ба сари зани муштипар бардошт. Магар ин роҳи мардист. Ҳаргиз. Бобояш ҳамеша таъқид мекард, ки мард на бояд ба сари зан даст бардорад, ба ҷуз вақте ки ў занро бо гуноҳе дастгир мекунад. Худо аз чунин рўзҳо нигоҳ дорад. Аз он чи ки Лола аз забони ҷигарбандаш сухан мегуфт маълум буд, ки аз мушти хурдаи хеш нисбат ба шавҳар кина ба дил нагирифта…
Шояд зан аз мушти хўрдааш розӣ ҳам буд, чунки шавҳар нисбат ба ў сухани носазо нагуфт ва ё ў суханони мардумро ба ёд овард, ки захми корд мераваду захми сухан не. Ба ҳар ҳол Лола аввалин шуда баҳри пойдории оила қадаме ба пеш гузошт, чунки модараш ҳамеша таъкид мекард, ки духтарам ба ҷанҷоли зану шавҳар остонаи хона механдад… Чун зан дид, ки аз суханони гуфтааш муроде ҳосил нашуд ниҳоят пурсид:
– Отаи Зафарҷон, шумо ба бобои Абдусаид ягон хешутабори надоред?
Тўйчӣ Ҷалолро ба ҷуз андеша намудан сари ин масъала чорае намонда буд ва мурғи хаёлоти ў ки аз рўйи нақли мардони Деҳбаланд сарчашма гирифта буд, парвоз кард…
Дар замони гул - гулшукуфии Ҳукумати Шўро ба соҳаи чорводорӣ аҳмияти калон дода мешуд ва табиист, ки дар он солҳо баъзе аз чорводорон пуф– пуфи одами хокӣ мегуфтанд.
Деҳбаланд, ки заводи зотпарварии гўсфандони маҳинпашм ба шумор, мерафт чун рамаҳояш саршумори сарчўпону чўпончаҳояш низ бешумор буд…

пешина
аз 558
навбатӣ