Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бобои Абдусаид, ки яке аз аввалин чўпонҳои хоҷагии зотпарварии Деҳбаланд ҳисоб мешуд, дар миёнаи солҳои ҳафтодуми садаи бист мақому мартабааш аз раиси хоҷагӣ паст набуд.
Ў аслан дар тўли солҳои чўпонӣ даҳҳо шогирдонро тарбия карда буд ва амру фармони ўро дида, кас гумон мекард, ки худи раиси хоҷагист. Ду– се сол пеш аз ба нафақа баромадан ба рамаи сарчўпон Абдусаид марди қариб ҳамсинну соли худаш бобои Яхширо, ки ниҳоят марди зарофатгў ва доное буд, чўпон таъин намуданд. Ба ҷуз ин ду марди рўзгордида ду ҷавони ҳанўз дар кўраи обу оташи зиндагӣ напухта низ дар асоси фармони роҳбари хоҷагӣ ба беҳтарин рамаи хоҷагӣ, ки сарвариашро бобои Абдусаид ба ўҳда дошт, чўпон таъин шуда, дар хизмати моли давлат ва ҳам сарчўпони беҳтарин камари ҳимат бастанд. Пўсткандаи гап ҳамин, ки сарчўпон марде будааст, ки касе дар зиндагӣ суханашро нашикаста. Рамааш дар ду чарогоҳ, ки яке аз дигаре дусад километр дуртар аст, парвою парвариш карда мешуд. Мавзеи Деҳбаланд, ки аслан манзили зисти сарчўпон ва чўпонҳояш буд, мавзеи чарогоҳи тобистона ба шумор мерафт ва моҳи октябр рамаро хоҳу нохоҳ ба мавзеи зимистона, ки дар мавзеи Торбулоқи ноҳияи Данғара воқеъ аст, бурдан лозим мешуд ва чўпонҳо зимистонро дар як иморат, ки онро канук ҳам мегўянд, зиндагӣ мекарданд.
Дар яке аз рўзҳои охири моҳи октябр фармони роҳбарияти хоҷагии Деҳбаланд барои ба мавзеи зимистон кўчонидани рама баромаду Абдусаид амри роҳбариятро оварда, ба гўши зердастонаш расонида, барои ҳаракати чорво супориш дод. Аз рўйи дастурамали хеш ў вазифаҳоро дар байни чўпонон чунин тақсим намуд. Чаронида бурдани рамаро ба дўши ду шогирди ҷавон гузошта, аз рўйи эҳтиром ва меҳрубонӣ бурдани ашёҳо ва хайма, инчунин тайёр кардани хўрокро ба дўши бобои Яхшӣ вогузошт.
Абдусаид интизори ҳаракати рама нашуда, баҳри иҷрои корҳо ва ҳисобу китоби рама ба идораи хоҷагӣ рафта таъин намуд, ки дар мавзеи Регак рамаро нигоҳ доранд. Бегоҳӣ сарчўпон чун ба мавзеи Регак омад, назди хаймаи нав ҷо ба ҷо шуда чўпони ҷавон Қурбонро дид. Қурбон назди хайма гулхан гиронда машғули тайёр намудани хўроки шом буд.

пешина
аз 558
навбатӣ