Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Бо чӣ хел нишонаҳо ва чаро аз лаби руд?
– Ҳам падар ва ҳам бародаронамро парронда буданд ва шояд онҳоро ба об барои он напартофта буданд, ки мабодо об онҳоро набарорад. Эҳтимол қотил гумон доштааст, ки аз паси харсанги калон ҳаргиз онҳоро касе нахоҳад ёфт, вале дуздию ғарӣ дар паси саргини хар гуфтагӣ барин кадоме ба гўши тағоям, ки дар деҳаи ҳамсоя зиндагӣ мекард расонидааст, ки соҳилро дурустар кобед ва чӣ тавре ки гуфтам онҳо ҳам ҳар ваҷаб хоки соҳилро ғалбер намуда, ҷасадҳоро ёфта ба хок супурданд…
Ў боз бо лаби рўймолаш ашки ба бари рухсораш ҷаршударо тоза карда, ба суханаш давом дод:
– Баъди ҷаноза Розиқ Амон, тасаввур менамоед, ки марди сисола, оиладор соҳиби ду фарзанд ба хонаи мо хостгор фиристод. Бародарам Фотеҳ хостгорҳоро қариб зада кушта буд ва ҳамон шаб ба ситоди «Дифои Ватан» рафта бо бародари Бунафша даст ба гиребон шудааст.
Розиқ дар он шабу рўз худоро худобердӣ мегуфт.
Он шаб Фотеҳро шинохта намешуд, марги падару бародарони кўчак агар қалби ўро шикаста буданд, суханони сермурчу қаламфури бародари ҳамсараш рўҳи ўро шикаста буд. Ў аз ғазаб дигар худашро дошта натавониста, дар ҳамон ҷо Бунафшаро талоқ кард. Доду фиғони ин зани муштипар бо ду фарзанди кўчакаш пардаи фалакро дарид. Сари субҳ Фотеҳ маро гирифта аз деҳа баромаданӣ шуд, вале муҳофизони Розиқ, ки ҳама аз дуди бангу афюн маст буданд, Фотеҳро дошта ба зери мушту лагад гирифтанд. Агар яроқҳои онҳо намешуд, Фотеҳ яке аз онҳоро зинда намедонист. Чун ў муқобилият кард, нафаре бо таппонча ба пояш тир зад. Ман худро ба болои бародар партофтанӣ шудам, вале натавонистам. Он вақт ман ҳамагӣ понздаҳсола будам. Розиқ Амон маро ба хонаи дигар дароварда, ба номусам таҷҷовуз кард.
Ин даъфа ў оҳи бадарде кашида, лаҷоми гиряро сар дод…
– Баъд чӣ шуд?
– Фотеҳ то ғуруби офтоб ҷон дод, на аз тири ба пояш расида, балки аз мушту лагади он нобакорон ҷон дод. Дар он шабу рўз духтур ҳам набуд. То духтур омаду вазъи ўро бидид, ки дер шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё