Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Гуфтанд, ки дар натиҷаи гирифтани зарбаи сахт кабудлабаш кафида будааст…
Модарам ҳам аз ғами фарзандону вайрон шудани хонаи ободаш моҳе пас дар синни чилу чорсолагӣ бо олами ҳастӣ хайрбод гуфт, вале мани сарсахтро бало ҳам назад ва чӣ хеле ки мебинед, ҳоло ҳам зиндаам.
– Пас чӣ тавр шумо ба ҷойи даъво намудан ба душман хонадони хеш издивоҷ кардед?
– Баъди марги модар чун ман якаву танҳо мондам тағоям мани бадномзадаро ба деҳаи ҳамсоя, ба хонааш бурд. Аз чӣ бошад, ки ситораи мани бадбахт ба зани тағоям рост наомад ва ман баъди ду ҳафта баҳри тағоям номае гузошта аз деҳа гурехтам. Сипас, бо ёрии марди хайрхоҳе рўҳаш шод боду ҷояш ҷаннат ман ба Россия рафтам. Ба ҷое рафтам, ки касе аз ҳамдеҳагони худро набинам. Муддати даҳ сол он ҷо мондам ва симои аслии хеш бакулли тағйир додам. Эҳтимол маро агар тағоям ҳам бинад дигар нашиносад. Чун ба ватан баргаштам дилам гум зад, вале худро ба даст гирифтам. Дар Россия ба ман муяссар шуд, ки ба ҷуз кор забони англисиро низ каму беш аз бар кунам. Баробари ба шаҳр омадан ба яке аз ташкилотҳои хориҷӣ ба кор даромадам. Ниҳоят, дар бораи Розиқ Амон маълумот ба даст овардам. Кудуми ман ба хоки Ватан чун кудуми Маҳмуд баҳри душмани хонадонам номуборак шуд.
Ҳамон шабу рўзе, ки ман ба Тоҷикистон омадам, дар рўзномае таъзияномаеро хондам ва огоҳ гаштам, ки дар натиҷаи фалокати автомобилӣ ҳамсар ва ду фарзанди мудири бонки саҳомии «Кишоварз» ба ҳалокат расиданд. Рости гап дили ман ба зану фарзандони душмани хонадонамон сўхт, вале чӣ илоҷ… Ман ҳайрон будам чӣ тавр як ҷинояткоре ки то оринҷ оғўштаи хун аст, мудири бонки саҳҳоми «Кишоварз» шудааст, вале дар он вақтҳо дигар ҷойи андеша набуд. Боре дар ташкилоте, ки ман он ҷо кор мекардам, нафареро то ба бонки мазкур ҳамроҳи кардан лозим омад ва дар гуфтушуниди ў ва мудири бонк банда вазифаи тарҷумонро ба дўш доштам.
Чун ман аз ташрифи соҳибмансаби ташкилоти хориҷӣ ба бонки «Кишоварз» хабар доштам, дурустараш як рўз қалб маро дар ин бора огоҳ намуда буданд, он субҳ худро чунон зебу зиннат додам, ки бо ҳусни назаррабоям морро аз хонааш мебаровардам, на ин ки мудири бонкро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё