Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Хайрият ёди хона ҳам мекардед,– хандида ба истиқболи шавҳар чанд қадам гузошта гуфт Наталя Василевна.
– Наомада куҷо ҳам мерафтам?
– Рост куҷо ҳам мерафтӣ бо ин ду…
– Ду чӣ?
– Ду писар аввал ба Далер ва дуюм ба тарафи шикамаш ишора карда гуфт зан.
– Оча кай мо ду нафар мешавем?– ба суҳбати волидайн ҳамроҳ шуда пурсид Далер дар ҳолате, ки нияти аз оғўши падар фаромадан ҳам надошт.
– Шумо аллакай ду касед, худату дадаҷонат.
– Не, ман гуфтаниям, ки шумо кай барои ман додарак харида медиҳед, мисли додари Абдумаҷид.
– Ҳама чиз вақту соат дорад бачам, биё рафта хоб шав, дадоят ҳам монда шудагӣ аз роҳи дур омадааст.
– Не, ман хоб намешавам. Ҳамроҳи дадаҷонам суҳбат мекунам, чӣ гуфтӣ дадаҷон?
– Майлаш, ман розӣ.
– Ана дидӣ очаҷон, чун мо се нафар шавем, боз беҳтар.
– Чӣ хел се нафар?
– Дадаҷонам ва ману додарчаам Абдумаҷид?– чӣ мегўед дадаҷон?
– Чӣ ҳам мегуфт дадаҷонат. Дар чунин ҳолатҳо ў ҳам тарафдори худат ҳаст, аллакай баҳри додаракат ном ёфтаӣ номи бобоятро ҳа ё дигар ном тухми анқо шудагӣ?
– Ва боз номи ҷўраам Абдумаҷид, охир гуфтам– ку Абдумаҷид додаракашро Далер ном мондааст ва ман аз ў қарздор, ҳамин хел не дадаҷон.
– Ҳамин хел, ҳамин хел, акнун биё маро сар деҳ то ба хона гузарам.
– Шуморо сар намедиҳам, дадаҷон то ба ман ваъда надиҳед, ки додаракамро Абдумаҷид ном мениҳед.
– Майлаш бигузор гуфти худат шавад.
– Бача дар сафар номаш Музаффар,– хандида гуфт модар ва ҷигарбандашро аз оғўши шавҳар гирифта, рўйи фарш гузошт ва амр кард, ки рафта хоб кунад.
Далер, ки аллакай розигии падару модарро ба қавле гирифта буд, дигар аз амри модар сар напечида ба волидайн хоби хуш орзу намуд ва аз падару модар низ чунин дуо гирифта, ба хонаи хоб рафт…

пешина
аз 558
навбатӣ