Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Сари як пиёла чой ў бо ҳамсар хело суҳбат кард. Наталя Василевна аз он изҳори нигаронӣ кард, ки шавҳар ҳамин қадар роҳро тай намуда, сари қадам ба айёдати волидайнаш надаромадааст…
– Чун Далер ба таътил барояд шуморо ба Сағирдашт мефиристам.
– Бисёр хуб, вале то ҳамон вақт дар ин бора ба Далер ваъда надеҳ. Умуман, моҳи июн ва июли Сағирдашт биҳишти рўйи замин аст ва ба фикрам, касе аз биҳишт рўй гардонидани нест.
Изҳори нигаронии ҳамсарро дар тарозуи ақл баркашида Абдумаҷидов ба хулосае омад, ки то андозае ҳақ ба ҷониби Наталья Василевна ҳаст, чунки ў дусад километр роҳро паймуда буд ва чил километр роҳи дигар мебоист монеаи рафтани ў ба зодгоҳи аҷдодӣ, ки он ҷо хуни нофаш рехта буд, намегардид.
Вале ў харитаи сафарро пеши назар оварда, ба хулосаи дигар омад, чунки ҳангоми пурсиши шоҳидон ҳалқаеро дар ин занҷири беохир пайдо кард ва маҳз ҳамин ҳалқаҳо ўро аз як маҳал ба дигар маҳал бурда ва худ нафаҳмид, ки то куҷо ў аз роҳҳи зодгоҳ дур афтид. Сабаби дигаре ҳам дар ин ҳолат арзи вуҷуд кард. Суҳбат бо чўпон Назрӣ Раҷаб ва барои ў мондани даъватнома барои рўзи 19–май дигар ба ў имконияти аз роҳ баргашта ба зодгоҳ рафтанро надод…
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ метавонист Назрӣ Раҷабро ба шаҳр даъват ҳам накунад, вале дар рафти суҳбати яксоати хеш бо чўпон ҳамин қадар фаҳмид, ки ў чизеро пинҳон мекунад. Акнун Назрӣ Раҷаб ягона шоҳиде буд (ба қавли худи Абдумаҷидов, ки метавонист дар кушодани ин ресмони ҷигил ба милиса ёри диҳад. Афсўс, ки шаб Наврўз Умарро наёфт, вагарна ҳарду якҷоя сари ин масъала майна об мекарданду ба хулосае меомаданд.
Баробари бардоштани дастурхон Абдумаҷидов ба хонаи хоб рафт. Далер аллакай масти хоб буд. Ў низ мондагиро ҳис кард… Лаҳзае пас Наташа ҳам вориди хонаи хоб гашта чароғро хомўш кард…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор