Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

... 38 …

Автомашинаи куҳнаи «Москвич» аз маркази ноҳия ба тарафи Роғ ҳаракат дошт. Ба ҷуз ронанда ва Гул Набӣ боз се нафар мусофирон, ки аз ноҳия азми сафари Роғ доштанд, дар курсии қафо менишастанд. Дар масофаи ҳашт километр байни ноҳия ва Роғ ронанда ду маротиба фаромада автомашинаро аз ташхиси сабуки тахникӣ гузаронд. Умуман, муҳлати хизмати автомашина ҳам кайҳо адо шуда буд ва ронанда метавонист даҳ сол пештар онро ба маркази фулузот ирсол диҳад, вале ў ҳеҷ аз ин аробаи шалақ, ки ягона воситаи рўзгузарониаш дар кўҳистон буд, дил канда наметавонист. То маркази ноҳия роҳи ҳамвор буд ва ронанда ин роҳро ба қавле ба иҷора гирифта буд. Ба ҳар ҷойи нишаст ду сомон мегирифт ва аз он ки ў бисёр нолид, маълум буд, ки даромадаш баҳри рўзгузаронӣ басанда нест. Рафтори ронанда рафтори Ҳасани аробакашро мемонд, ки ҳеҷ ба пешравии тамаддуни илму техникаи ҷаҳонӣ созиш кардан намехост. Ў гуфт, ки дар шаҳр дар чунин масофа мусофирон панҷ – шаш сомонӣ медиҳанд, вале дар ин ҷо базўр ду сомон дода боз гила ҳам мекунанд.
– Чунин автомашинаи шалақаро, ки масофаи ҳашт километрро дар ним соат тай мекунад, дар даромадгоҳи шаҳр роҳ намедиҳанд, пул додан он тараф истад,– эътироз кард яке аз нишастагони дар курсии қафо буда ва барои тасдиқи фикри хеш даст ба китфи мўйсафеди дар курсии пеш нишаста бурда гуфт.
– Дар ин гап чӣ мегўед бобо?
– Чи гуфтӣ бачам? – аз байни андешаҳои хеш берун омада пурсид мўйсафед.
Ҷавон бори дигар суханашро такрор кард ва мўйсафед бо ў ҳамақида нашуд.
– Аз ҳаминаш ҳам намонем, бачам.
Сухани мўйсафед ба ронанда хуш омад, ки бо як такаббури баланд ба тарафи мусофири дар қафо нишаста нигарист. Ҳарчанд ў сухане нагуфт, вале нигоҳаш мегуфт, ки ба умеди автомашинаҳои хориҷӣ нашуда, дуои ҷони банда ва ҳамин аробаро намоед, вагарна рўзатон аз ин бадтар хоҳад шуд.
Гул Набӣ тамоми роҳ сари суҳбати чанде пеш бо муфаттиши прокуратура Атоев, ки аз марказ омада будааст, андеша намуд.

пешина
аз 558
навбатӣ