Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман галаро ҳам чошу пош накардаам. Охир асп асп аст ва дар як шабонарўз метавонад сад километр роҳро тай намояд. Ана, ҳамон ҳашт асп, чи хел аз гала гум шуданд, ман худам ҳам нафаҳмидам. Шояд ягон худобехабар галаро бўлак намуда, он ҳашт аспро ба ягон самти номаълум бурд. Чунин ҳолатҳо мешаванд. Чун ман аз ин ҳодиса хабардор шудам, аллакай дер шуда буд. Ман ҳанўз ба худ наомада, сардори милиса Самандари Сармад маро наздаш хонд ва гуфт, ки дар гала ҳашт сар асп намерасад. Сараввал ман ду пойро дар як мўза андохтани шуда, хостам исбот намоям, ки гала ҷо ба ҷо аст, вале ў ҳам паст наомада гуфт, ки худи ҳозир комиссияи босалоҳате ташкил медиҳаду галаро ҳисоб мекунад ва агар рафту камбудие дар гала пайдо намояд дигар ман аз худам гила намоям, чунки дар он сурат ў ки хайрхоҳи банда аст, дигар ба ман дасти ёрӣ дароз кардан наметавонад. Сипас, ў аз қонуну қонуният ҳарф зада дараҷаи гуноҳи бандаро дар тарозуи қонун баркашид. Аз рўйи ҳисобҳои ў дар сурати ба қайд гирифтани ин ҷиноят ва ба суд фиристодани парвандаи ҷиноӣ ман на кам аз шаш сол ҳабс мешудам. Дар рафти он суҳбати дусоата ман ҳамин қадарро фаҳмидам, ки сардори милиса тайёр аст ба ивази ҳазор доллар маро аз он варта берун орад. Ба ў гуфтам, ки пул надорам, вале таёрам, ки се аспи пеши галаро ба ў диҳам. Ў розӣ шуд ва гуфт ки ба ҷуз он се асп бояд галаро ҷо ба ҷо намоям. Он се аспро ман худам бурда дар бозори Кофарниҳон обу лой намуда, мабалағашро оварда ба дасти сардори милиса додам. Аз он чи ки ў маро барои ҳарчи тезтар ҷо ба ҷо кардани гала водор мекард, ҳамин қадарро фаҳмидам, ки ў нисбат ба чашму гўши хеш (хабаркашҳояш онҳое, ки бандаро ба ў фурўхтанд) боварии комил надорад ва аз тарси он, ки мабодо чашму гўшаш дар ду фронт кор накунанд, ў барои эҳтиёт ҷо ба ҷо намудани галаро талаб мекард. Чун дид, ки ҳама корҳо ба некӣ анҷомид ман шахси боварнок ва дўсти наздикаш шудам. Ҳоло ҳамин чиз ба муд даромадагӣ. Аксари одамон чун бубинанд, ки аз калоншавандае барояшон манфиате ҳаст, бо он кас худро хешу табор муаррифӣ мекунанд. Дар чунин сурат чунин ашхос бо ҳар роҳу восита шаҷарашинос шуда, ягон риштаеро байни ҳафтпуштаи хеш ва он калоншаванда пайваст месозанд ва ё ўро ака ё додари қиёматӣ мехонанд. Самандари Сармад ҳам чун фаҳмид, ки аз банда ба ў фоидае ҳаст, манро додари қиёматӣ хонд.

пешина
аз 558
навбатӣ