Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Дар бораи рафторҳои пасипардагӣ гуфтӣ. Дар асл рост гуфтаанд, ки бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ, бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ.
Ман борҳо туро огоҳ намудам, ки худатро аз ҳамон ҳамсояи шаттоҳ Мастура канор бигир, вале ҳеҷ не ки ту аз ў дил канда тавонӣ. Ба фикрам рўзе мешаваду аз ман дил меканӣ, вале аз ў не. Ў аллакай Сулаймонро аз Зуҳро ҷудо кард. Ин даъфа навбати мост.
– Ҳамсояро бо чашми нек дидан лозим. Айби хеш аз дигарон ҷўстан нашояд.
– Худат кайҳо фарқи нек аз бадро ба гўшаи фаромўшӣ додаӣ набошад кадом одами солимақл ба суханони Мастураи шаттоҳ бовар мекунад.
– Дар ин ҷо Мастура гуноҳе надорад. Дар бораи дар шаҳр зан доштанат бошад нисфи деҳа медонад. Ё ҳамин нисфи деҳа ҳам дурўғ мегўянд?
– Дурўғ, ҳамааш дурўғ.
– Кошкӣ гуфтагиҳои мардум дурўғ бошанд ва нашаваду…
– Бовар кун, занак, ҳеҷ гап намешавад, гўён ҷав намудани аспро баҳона карда, аз хона берун шуд Қосими Асад.
– Бе дарди саре нишаста будам, пул додаму дарди сар харидам,– ба осмони пурситора нигариста зери лаб ғунгос зад Қосими Асад. Он ҳашт асп ҳам дар ишқи Ҷамила сарф шуданд.
Мардум беҳуда нагуфтаанд, ки «Камбағал, ки маст шуд арзанро тирамоҳ кишт мекунад». Дар роҳи ишқ қариб буд, ки дорулахлоқро зиёрат намоям. Дар роҳи ишқ ба моли давлат хиёнат кардам. Ҳамсар ва фарзандонамро қариб ба гўшаи фаромўшӣ додам: «Эй айёс қадри хеш бишинос, ҷоруқои бобот дар тори кос»…
Бо ҳамин фикру хаёл ў чи тавр назди асп омаданашро ҳам нафаҳмид. Бо шохҷоруб аспро тоза намуда турбаи ҷавдорро ба сари асп кашид…
... 41 …
Аз сафари хизматӣ ва мақсаду мароми ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ШКД–и ноҳияи Гулистон майори милиса Абдумаҷидов сардори милисаи ноҳияи Сайёд Самандари Сармад
субҳи рўзи дигар хабардор шуд. Ягона тарафи сусти сардори
милиса дар он буд, ки ў ҳарчанд дар давоми умр кушид аз болои нафси бади хеш ғалаба ба даст наовард ва маҳз ҳамин ҳолат ўро бо табақаҳои гуногуи аҳолӣ хешу ақрабо намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор