Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Шумо ҳангоми вохўрӣ худро муаррифӣ кардед?
– Ман гуфтам, ки пеш аз ба Россия рафтан марди хайрхоҳе дастам бигирифт ва ман ба ў дурўғ гуфтам, ки номам Гулбарг аст. Насабамро ҳам дурўғ гуфтам. Гулбарги Одина. Ҳоло бошад Гулбарг Амон. Ман худро ҳамин хел Гулбарги Одина гўён ба собиқ душманам шинос намудам.
– Номи аслиатон чист?
– Магар ин зарур аст?
– Эҳтимол лозим шавад.
– Садорати Ҷумъа, метавонед санҷида бинед, дигар чӣ ҷойи пинҳон намудан, вале ман мехостам, ки то анҷоми тафтишот исму насаби аслии маро пинҳон доред.
– Кўшиш мекунам.
– Ваъда намедиҳед?
– Кўшиш ҳам чанд фоизе аз ваъда аст, бовар намоед.
– Акнун бовар кардам.
– Баъд чӣ шуд?
– Субҳи фардояш ў ба ҷойи кори ман занг зад ва бандаро ба тарабхонаи «Душанбе» даъват кард. Гуфтам ки вақтам нест.
Боз фардояш занг зад ва боз пасфардо. Маълум буд, ки духтаре, ки ёздаҳ сол пеш ба номусаш таҷҷовуз намудааст, бо як нигоҳ пайкони муҳаббатро дар дилаш ҷой додааст. Танҳо баъди як ҳафта мо вохўрдем ва на дар тарабхонаи «Душанбе», балки дар тарабхонаи «Бону» ва ҷойи вохўриро ман худам таъин намудам, чунки ман он бонуе будам, ки қасди хеш аз рақиби хонадонам ситонидан мехостам.
Вохўриҳои мо дар давоми як сол чун вохўрии наврасон буд. Ман ҳеҷ гоҳ пой бар остонаи ин хонадон нагузоштам.
Ҳамеша таъкид мекардам, ки то маросими сари соли ҳамсарашро надиҳад ман пой бар остонаи хонааш нахоҳам гузошт, чунки эҳтироми рўҳи шаҳидон дар гардани зиндаҳо қарз аст.
Мо қариб, ки ду – се рўз пас як бор ба тарабхонаҳои беҳтарин мерафтем, вале ман боре ҳам худро таслими ў накардам. Шояд ҳамин рафтори ман ба ў маъқул шуд, ки баъди якуним сол хоҳиш кард, ки ҳамсари ҳаёташ гардам…
Танҳо баъди тўйи на чандон калон, никоҳ ва аз қайди расмии ақди никоҳ гузаштан ман пой бар остонаи ин хонадон мондам ва таслими ў шудам…

пешина
аз 558
навбатӣ